Чаро мо вобастаи смартфонҳо мешавем?

Аксарияти одамон баробари аз хоб хестан смартфон ба даст мегиранд. Ба ҳисоби миёна, мо дар як рӯз аз 5 то 9 соат вақти худро сарфи тамошои шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои интернет, ё бозиҳои мобилӣ мекунем. Чаро чунин аст? Фаббинг Фаббинг аз забони инглисӣ phabbing – муносибати беэҳтиётона, phone – телефон гирифта шудааст. Ё ин ки […]

"Се нуқта"

Аксарияти одамон баробари аз хоб хестан смартфон ба даст мегиранд. Ба ҳисоби миёна, мо дар як рӯз аз 5 то 9 соат вақти худро сарфи тамошои шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои интернет, ё бозиҳои мобилӣ мекунем. Чаро чунин аст?

Фаббинг

Фаббинг аз забони инглисӣ phabbing – муносибати беэҳтиётона, phone – телефон гирифта шудааст.

Ё ин ки одати дар вақти сӯҳбат доимо ба телефон бозӣ кардан аст. Аксар вақт дар ин ҳолат корбарон маълумоти аллакай дидаашонро варақ мезананд. Фаббинг – ин на танҳо нишонаи иродаи суст, балки тақлид ба дигарон аст, ки айнан ҳамин корро мекунанд. (Дар маводҳои пештара мо дар бораи чӣ тавр аз фаббинг раҳо ёфтан маълумот дода будем)

Синдроми фоидаи аздастрафта

Fear of missing out; сокр. FoMO – Тарси аз даст нарафтан.

Ин тарси бехабар мондан ягон ҳодиса, маълумот ё имконияти муҳим аст. Ин як падидаест, ки ҳалқаи бастаро ба вуҷуд меорад: шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинед, ки чӣ гуна дӯстонатон дар тарабхонае бе шумо истироҳат доранд ва мефаҳмед, ки шумо низ шомро ба тарзи дигар гузаронед. Шумо мекӯшед, ки ин эҳсоси манфиатонро бо гузоштани аксҳои истироҳати хубатон ва нақли онҳо бартараф кунед. Ҳамин тавр, шумо ноогоҳона иштирокчии ин ҳалқаи баста мешавед. Чунин вобастагӣ метавонад боиси ҳисси бегонагӣ ва ҳатто депрессия гардад.

Номофобия

Nomophobia, от no mobile-phone phobia – тарси бе телефони мобилӣ мондан.

Ин тарси бе телефони мобилӣ мондан ё дур аз он будан аст. Ин истилоҳ соли 2008 пас аз таҳқиқи YouGov (як ширкати байналмилалии омӯзандаи афкори ҷамъиятӣ) пайдо шуд. Муҳаққиқон ташвиши корбарони телефонҳои мобилиро омӯхтанд. Тақрибан 53% -и пурсидашудагон дар Бритониё иқрор шуданд, ки ҳангоми гум кардани телефони мобилӣ, тамом шудани қувва ё ҳисоби он, ё дар ҷойи бемавҷ қарор гирифтан ба ташвишу нигаронӣ меафтанд. Ҳатто маълум карданд, ки барои бисёри корбарон сатҳи стресс дар номофобия бо стресс дар рӯзи арӯсӣ ё пеш аз ташрифи духтури дандон баробар аст.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.