Барои сохтмони неругоҳи Роғун ҷалби $340 млн пешбинӣ мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки баҳри маблағгузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳои давлатӣ дар бахши электроэнергетика аз хориҷи кишвар қарз гирад. Бино ба иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, як қатор чунин лоиҳаҳо дар марҳилаи таҳия қарор доранд, ки барои амалисозии онҳо ҳудуди 500 млн доллар маблағ зарур аст. Ҳаҷми нисбатан бештари сармоягузорӣ – 340 млн доллар барои идомаи […]

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки баҳри маблағгузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳои давлатӣ дар бахши электроэнергетика аз хориҷи кишвар қарз гирад.

Бино ба иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, як қатор чунин лоиҳаҳо дар марҳилаи таҳия қарор доранд, ки барои амалисозии онҳо ҳудуди 500 млн доллар маблағ зарур аст.

Ҳаҷми нисбатан бештари сармоягузорӣ – 340 млн доллар барои идомаи сохтмони неругоҳи Роғун пешбинӣ шудааст.

Ин маблағро ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки аз бонкҳои аврупоӣ – Credit Suisse (Швейтсария) ва Landesbank Baden-Wuerttemberg (Олмон) дарёфт намояд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи моҳи октябр зимни вохӯрӣ бо бинокорони неругоҳи Роғун изҳор дошт, ки ба гурӯҳи кории марбута ҷиҳати андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои идомаи сохтмони неругоҳ дар соли 2021 дастур додааст.

Ӯ қайд кард, ки соли ҷорӣ барои идомаи сохтмони иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо гардидани наздики 3 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, маблағгузории сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷет дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳаҷми 1,3 млрд сомонӣ амалӣ шудааст.

Сар аз соли 2008 ба сохтмони неругоҳи Роғун дар маҷмӯъ зиёда аз 25,3 млрд сомонӣ маблағ равона шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба ҷуз Роғун, ҷалби қарзҳои ташкилотҳои байнулмилалии молиявӣ барои амалисозии лоиҳаҳои зерин дар соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст:

– лоиҳа оид ба коҳиши талафоти барқ дар вилояти Хатлон ($20 млн);

– лоиҳа оид ба рушди соҳаи электроэнергетика ($25 млн);

– лоиҳаи “Таҷдиду барқарорсозии НБО Норак, марҳилаи 2” ($50 млн).

Бо назардошти дигар соҳаҳо, барои амалисозии 8 лоиҳа дар умум ҷалби 562 млн доллар дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.