Вазири тандурустӣ шахсан кори муассисаҳои тиббиро месанҷад

Минбаъд вазир дар ҳамаи муассисаҳои тибби кишвар шахсан санҷиш мегузаронад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” дар Вазорати тандурустӣ. “Рӯзҳои охир ӯ аз таваллудхонаҳо боздид намуд. Пас аз кор ва дар рӯзҳои истироҳат вазир бо фаъолияти яке аз беморхонаҳо шинос мешавад. Вазир ният дорад, ки шахсан аз ҳамаи муассисаҳои тиббии кишвар боздид намояд, то ки бо фаъолияти […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Минбаъд вазир дар ҳамаи муассисаҳои тибби кишвар шахсан санҷиш мегузаронад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” дар Вазорати тандурустӣ.

“Рӯзҳои охир ӯ аз таваллудхонаҳо боздид намуд. Пас аз кор ва дар рӯзҳои истироҳат вазир бо фаъолияти яке аз беморхонаҳо шинос мешавад. Вазир ният дорад, ки шахсан аз ҳамаи муассисаҳои тиббии кишвар боздид намояд, то ки бо фаъолияти онҳо аз наздик ошно гардида, мушкилоти мавҷударо ҳал кунад. Ҳамчунин ӯ ба ҳамаи роҳбарони бахши тандурустӣ дастур дод, ки омодагии беморхонаҳоро ба мавсими зимистон зери назорат дошта бошанд”, – изҳор дошт сухангӯи Вазорати тандурустӣ Эмомалӣ Мирзоев.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан вазир аз муассисаҳои тиббии Кӯлоб боздид намуда, аз рӯйи натиҷаҳои сафар масъалаи таъминот бо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) роҳи ҳалли худро пайдо намуд.

Чанде пеш Ҷамолиддин Абдуллозода ба маркази саломатии №1-и пойтахт ташриф оварда, ба масъулин ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар инг ҷо дастуру супоршиҳои мушаххас дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.