29 ҳазор ҷаримаи ду корманди комиссариат барои фурӯхтани билети ҳарбӣ

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, ду ёрдамчии калони сардори комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанберо бо итиҳоми фурӯши билети ҳарбӣ бо маблағи 29 ҳазор сомони ҷарима намудааст. Ҳотам Раҷабзода, раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе ба “Азия Плюс” гуфт, ки ин ду нафар Умед Гадоев 36-сола ва Хуршед Бедилов 35-сола яке сокини шаҳри Кӯлоб ва дигаре сокини шаҳри Душанбе […]

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, ду ёрдамчии калони сардори комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанберо бо итиҳоми фурӯши билети ҳарбӣ бо маблағи 29 ҳазор сомони ҷарима намудааст.

Ҳотам Раҷабзода, раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе ба “Азия Плюс” гуфт, ки ин ду нафар Умед Гадоев 36-сола ва Хуршед Бедилов 35-сола яке сокини шаҳри Кӯлоб ва дигаре сокини шаҳри Душанбе мебошанд.

Онҳо замони дар вазифаи собиқ ёрдамчии калони зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият намуданашон, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб даст ба ҷиноят задаанд.

Ба гуфтаи Ҳотам Раҷабзода, Умед ва Хуршед санаи 4 апрели соли 2020 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Далер Мирзоев барои ба номи ҷиянаш – Меҳроҷ Кароматов омода кардаву додани билети ҳарбии номуносиб ба хизмати ҳарбӣ, маблағи  4200 сомонӣ талаб кардааст. 

Манбаъ мегӯяд, Хуршед ин маблағро гирифта бо Умед, тақсим карда, ба манфиати шахсиашон сарф намуданд. Онҳо бо истифодаи бланкаи қалбакии шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбии силсилаварақаи ҶТ №0446529, ки бо истифодаи техникаи компютерӣ тайёр намудаанд, маълумотҳои шахсиятии даъватшаванда Кароматов М.Р.-ро дар ин ҳуҷҷати қалбакӣ ворид намуданд.

Онҳо ин ҳуҷҷатро бо роҳи сохтакорӣ таҳриф карда, онро бо санаи пешакӣ содир карда, дар он муҳр ва сиккаи аслии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синоро пинҳонӣ аз роҳбариат гузошта, дар сатри собиқ комиссари ҳарбӣ худашон имзо намуданд. Ин  ҳуҷҷати баръало қалбакӣ ва бардуруғро барои истифодабарӣ ба Мирзоев Д.М. супориданд, ки бо ин ҳаракати қасдонаи худашон ба шаҳрванд Мирзоев Д.М. зарари моддӣ ба миқдори калон расониданд.

Ҳотам Раҷабзода гуфт, суд нисбати онҳо бо моддаи  247  (қаллобӣ) қисми 3 банди “а”  ва моддаи 340. (сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат), – КҶТ ҳукум бароварда, бо маблағи 29 ҳазор сомонӣ, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ҷарима намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.