“Тоҷикон” ба Мурғоб ҳам расид

Имрӯз тақдими китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба сокинони ноҳияи Мурғоби ВМКБ шурӯъ гардид. Тақсими китоби “Тоҷикон” аз ноҳияи Ванҷи ин вилоят оғоз шуда буд. Китобро Нуралӣ Собирзода муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси ин ниҳоя Ҳусния Раҷабзода ва дигар намояндаҳои дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба мардуми ноҳия тақсим мекунанд. Дар […]

Имрӯз тақдими китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба сокинони ноҳияи Мурғоби ВМКБ шурӯъ гардид. Тақсими китоби “Тоҷикон” аз ноҳияи Ванҷи ин вилоят оғоз шуда буд.

Китобро Нуралӣ Собирзода муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси ин ниҳоя Ҳусния Раҷабзода ва дигар намояндаҳои дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба мардуми ноҳия тақсим мекунанд. Дар ин бора ба “Asia-Plus” аз Вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ доданд.

Ба иттилои Нуралӣ Собирзода барои аҳолии ноҳияи Мурғоб мутаносибан бо шумори оилаҳо 3800 китоб ҷудо шудааст.

Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки ин ҳадяи Эмомалӣ Раҳмонро ба тамоми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нуралӣ Собирзода мебарад.

Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Абдуҷаббор Раҳмонзода мегӯяд, ки онҳо тамоми чораҳоро дидиаанд, ки аз фурӯш ва ё хилофкориҳо дар тақсими китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба мардум пешгирӣ кунанд.

Ин китоб ба унвони ҳадя аз номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба ҳар хонаводаи кишвар тақдим мешавад.

Нашри ин китоб дар Тоҷикистон гардишҳои дигаре ҳам дошт, ки дар расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоӣ ба таври густарда баҳс шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.