Раиси Исфара гуфтааст, ки минбаъд дар ҳама иншоот роҳравҳои маъюбонро месозанд

Раиси шаҳри Исфара ба сармеъмор ва мудири шӯъбаи шаҳрсозии шаҳр дастур додааст, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои шаҳрсозӣ аввал роҳрав барои шахсони имконияташон маҳдудро дар назар бигиранд. Баҳоваддин Баҳодурзода дастур додааст, ки даромадгоҳи биноҳои маъмурӣ ва марказҳои савдою хизматрасониҳо бояд ба ҳаракати озоди аробачаҳои маъюбӣ мутобиқ кунонида шавад. Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси нави Исфара зимни боздиду шиносоӣ аз иншоотҳои […]

Раиси шаҳри Исфара ба сармеъмор ва мудири шӯъбаи шаҳрсозии шаҳр дастур додааст, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои шаҳрсозӣ аввал роҳрав барои шахсони имконияташон маҳдудро дар назар бигиранд. Баҳоваддин Баҳодурзода дастур додааст, ки даромадгоҳи биноҳои маъмурӣ ва марказҳои савдою хизматрасониҳо бояд ба ҳаракати озоди аробачаҳои маъюбӣ мутобиқ кунонида шавад.

Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси нави Исфара зимни боздиду шиносоӣ аз иншоотҳои кӯчаи асосии шаҳр ба сармеъмору мудири шӯъбаи шаҳрсозӣ дастур додааст зимни таҳияи лоиҳаҳои шаҳрсозӣ роҳравҳои махсус (пандус)-ро ҳатман ба инобат гиранд. Ӯ шахсони масъулро вазифадор кардааст, ки зимни омодасозии лоиҳаҳои иншоотҳои маъмурию хизматрасонӣ сохтмони роҳравҳои махсус барои ҳаракати озодонаи аробачаи маъюбиро ба эътибор гиранд.

“Дар даромадгоҳҳои биноҳои маъмурӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ барои ҳаракати озодонаи аробачаҳои маъюбӣ роҳравҳои махсус бояд сохт.”-таъкид кардаааст раиси Исфара

Бино ба навиштаи Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дастур додааст ба лоиҳаи биноҳои нав сохташудаистода низ тағйирот ворид намуда, дар даромадгоҳҳои иншоотҳо барои ҳаракати бемамониати маъюбон ба биноҳо пандус сохта, шароити созгор фароҳам оваранд.

Манбаъ навиштааст айни замон дар даромадгоҳи Маркази адлия ва ҳамагӣ 1-2 бинои навбунёд ингуна роҳравҳо мавҷуданду халос.

Айни замон бино ба маълумоти оморӣ дар шаҳри Исфара беш аз 3800 нафар шахсони имконияташон маҳдуд дар қайд буда 381 нафари онҳо маъюбони гуруҳи якум мебошанд. Гуфта мешавад ҳамасола наздики 50 нафар шахсони маълул тариқи маблағгузорӣ аз буҷҷа, маблағҳои соҳибкорону хайрхоҳон соҳиби аробачаи маъюбӣ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.