Додситони Суғд ду ҳафта пеш таъин шудааст

Фурқат Хоҷазода ду ҳафта пеш Додситони вилояти Суғд таъин шудааст, дар ин бора ба “Азия-Плюс” Пайрав Сайфиддинзода  масъули кор бо матбуоти Додситонии Суғд хабар дод. Ба гуфтаи Сайфиддинзода ду ҳафта аст, ки Хоҷазода масъулияти Додситони вилояти Суғдро пеш мебарад. Додситони пешини  вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидзода рӯзи 18-уми декабр директори Агентии  назорати маводи нашъаовари  назди Президенти […]

Фурқат Хоҷазода ду ҳафта пеш Додситони вилояти Суғд таъин шудааст, дар ин бора ба “Азия-Плюс” Пайрав Сайфиддинзода  масъули кор бо матбуоти Додситонии Суғд хабар дод. Ба гуфтаи Сайфиддинзода ду ҳафта аст, ки Хоҷазода масъулияти Додситони вилояти Суғдро пеш мебарад.

Додситони пешини  вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидзода рӯзи 18-уми декабр директори Агентии  назорати маводи нашъаовари  назди Президенти Тоҷикистон таъин шуда буд.

Бино ба иттилои манбаъ, Фурқат Хоҷазода то омадан ба мақоми додситони вилояти Суғд дар мақоми муовини прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор мекард.

Хоҷазода Фурқати 41-сола, зодаи ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон аст. Риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 2001 хатм карда, корро аз худи Додситонии кулл ба унвони муфаттиш оғоз кардааст.

Баъдан Хоҷазода ба ҳайси додситони ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Муъминободи вилояти Хатлон кор кардааст. Мушовири адлияи дараҷаи 1, сарҳанги мақомоти  додситонӣ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.