Хайём – ҳакими мондагоре ба мондагории ҷаҳон эътиқод надошт

Имрӯз рӯзи марги Умари Хайём, яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илмиву адабии ҷаҳон аст. Чеҳрае, ки аз оғоз то кунун шахсияташ ҳамроҳ ба баҳсҳои илмиву мазҳабиву адабиву фалсафӣ аст. Чеҳрае, ки яке аз "брендҳо"-и азамати фарҳангии форсзабонон дар дунё аст. Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ ҷойгоҳи бисёр муҳтараме дар ҷоҳони имрӯз дорад. Ӯ 18-уми […]

Имрӯз рӯзи марги Умари Хайём, яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илмиву адабии ҷаҳон аст. Чеҳрае, ки аз оғоз то кунун шахсияташ ҳамроҳ ба баҳсҳои илмиву мазҳабиву адабиву фалсафӣ аст. Чеҳрае, ки яке аз "брендҳо"-и азамати фарҳангии форсзабонон дар дунё аст.

Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ ҷойгоҳи бисёр муҳтараме дар ҷоҳони имрӯз дорад. Ӯ 18-уми майи соли 1048 дар Нишопур таваллуд шуд ва 4-уми декабри соли 1131 дар ҳамин Ношпур дида аз ҷаҳон пӯшид.

Хайём дар дунё бо тахаллусҳое чун ҳамачиздон, файласуф, риёзидон, ситорашинос, шоир ва рубоисар маъруф аст. Ҳарчанд ҷойгоҳи илмии Хайём бартар аз ҷойгоҳи адабӣ ва шоирияш аст, аммо шаҳомати шахсияти Хайёмро дар дунё пеш аз ҳама рубоёти ҷанҷолбарангез ва фикриву фалсафияш таъмин кард. Ба дунболи рубоёт дунё аз як нобиғаи дигари илмӣ ҳам хабар ёфт.

Нобиғае, ки то кунун тақвими сохтааш, бо вуҷуди пешрафтҳои зиёди илмӣ, баъди наздик ба 900 соли маргӣ ӯ, ҳанӯз дақиқтарин тақвим ё гоҳшуморӣ дар дунё аст.

Дар ростои рӯзи марги ин нбиғаи илму адаби ҷаҳон, ки ифтихороти зиёде барои фарҳангу тамадунни ҷаҳонӣ офаридааст ва бузургии тамаддуни форсии тоҷикро дар дунё таъмин кардааст, як мустанадеро, ки 5-сол пеш BBC форсӣ сохта буд пешниҳод мешавад.

Дар ин мустанади Содиқи Сабо бо номи “Умар Хайём: нобиғаи парастишгар” ба шахсияти Хайём ва ҷойгоҳи ӯ дар дунё бештар ошно шавед. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.