Футболбозони тоҷик дар хориҷа чӣ гуна бозӣ мекунанд?

Бозингари ҷавони тоҷик, ҳамлагари мунтахаби миллӣ ва ҷавонони футболи Тоҷикистон Шаҳром Самиев дар ҳайати дастаи “Динамо-авто” дар чемпионати Молдова ба задани голи навбатӣ муваффақ шуд. Дар чемпионати Молдова Самиев ҳамагӣ  дар 7 бозӣ иштирок карда, ба задани 2 тӯб даст ёфт. Пас аз 20 давр дастаи Шаҳром Самиев бо касби 28 имтиёз дар зинаи 5-уми […]

Бозингари ҷавони тоҷик, ҳамлагари мунтахаби миллӣ ва ҷавонони футболи Тоҷикистон Шаҳром Самиев дар ҳайати дастаи “Динамо-авто” дар чемпионати Молдова ба задани голи навбатӣ муваффақ шуд.

Дар чемпионати Молдова Самиев ҳамагӣ  дар 7 бозӣ иштирок карда, ба задани 2 тӯб даст ёфт. Пас аз 20 давр дастаи Шаҳром Самиев бо касби 28 имтиёз дар зинаи 5-уми ҷадвал қарор дорад.

 

Ислом Зоировро дар “Химки” месанҷанд

Боз як бозингари мунтахаби миллӣ ва ҷавонони Тоҷикистон Ислом Зоиров дар тими “Химки”-и Премйер-лигаи Русия аз давраи санҷишӣ мегузарад. Нимҳимоятгари 18-сола то 16 декабр бо ин даста машқ карда, дар сурати аз санҷиш муваффақона гузаштан, бо ин даста қарордод ба имзо мерасонад.

Қобили зикр аст, ки айни замон сармураббии дастаи “Химки” дастпарвари футболи Тоҷикистон ва ҳимоятгари тими миллӣ Игор Черевченко мебошад. Пас аз анҷоми марҳилаи якуми мусобиқаи Премйер-лигаи Русия дастаи “Химки” зинаи 12-уми ҷадвалро ишғол мекунад.

Фатҳуллоев ба Ҳиндустон одат мекунад

Нимҳимоятгари 30-солаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев дар тими “Ченнайин”-и Суперлигаи Ҳиндустон бозӣ мекунад.

Қарордоди ӯ бо ғолиби дукаратаи Суперлигаи Ҳиндустон ба муҳлати 6 моҳ бо имкони дароз кардани он баста шудааст. Дар вохӯрии навбатии даста Фатҳулло дар дақиқаи 56-ум ба майдон баромада, дар чанде аз лаҳзаҳо маҳорату хуби бозӣ нишон дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.