Ҷоизаи пианинонавози ҷавони тоҷик дар озмуни байнулмилалӣ

Табрез Халилов, писари овозхони маъруфи гурӯҳи «Avesto» Таҳмина Рамазонова ба Ҷоизаи дараҷаи I дар Озмуни байнулмилалии пианинонавозон, ки дар доираи Лоиҳаи V байнулмилалии «BISHKEK MUSIC GAMES» дар Қирғизистон доир гардид, соҳиб шуд. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Маркази ташаббусҳои эҷодии «Art aspect» ба муносибати 100-солагии оҳангсози қирғизи замони шӯравӣ Мукаш Абдроев рӯзи 6 декабр дар Бишкек […]

Табрез Халилов, писари овозхони маъруфи гурӯҳи «Avesto» Таҳмина Рамазонова ба Ҷоизаи дараҷаи I дар Озмуни байнулмилалии пианинонавозон, ки дар доираи Лоиҳаи V байнулмилалии «BISHKEK MUSIC GAMES» дар Қирғизистон доир гардид, соҳиб шуд.

Ин чорабинӣ бо ташаббуси Маркази ташаббусҳои эҷодии «Art aspect» ба муносибати 100-солагии оҳангсози қирғизи замони шӯравӣ Мукаш Абдроев рӯзи 6 декабр дар Бишкек баргузор шуд.

Ба ҷуз озмуни пианинонавозон, дар доираи Лоиҳаи V байнулмилалии «BISHKEK MUSIC GAMES» инчунин озмуни навозандагони асбобҳои торӣ, нафасӣ ва асбобҳои халқӣ, озмуни оҳангсозони ҷавон низ доир гардид.  

Ҳамаи озмунҳо дар шакли ғоибона тариқи сабти видеоӣ гузаронида шуданд. Аз рӯйи интихоби иштирокчиёни озмун 3 категория пешниҳод шуд: BRONZE LINE, SILVER LINE ва GOLD LINE. Гурӯҳҳои синнусолии иштирокчиён чунин тақсим шуданд: I – то 10-сола, II – 11-12-сола, III – 13-14-сола, IV – 15-18-сола, V – 19-30-сола (донишҷӯён), VI – «Омӯзгор – хонанда (шогирд)», инчунин VII – «Aрт-устод» (омӯзгорон ва мусиқачиёни касбӣ).

Табрез Халилов дар категорияи BRONZE LINE иштирок карда, «Восточная Рапсодия»-и ҷазмени маъруф, оҳангсоз ва пианинонавоз Ҷасур Халиловро ба иҷро расонид ва ба дипломи Ҷоизадори дараҷаи  I шарафёб гардид.

Дар бораи пирӯзии писари худ Таҳмина Рамазонова дар саҳифаи худ дар Фейсбук чунин изҳори хушнудӣ намуд:

“Писарам Табрез Халилов ба ҷоизаи Озмуни байнулмилалии пианинонавозон дар Бишкек соҳиб шуд! Дар баробари дигар иштирокчиён аз Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия, Беларус ва Чин Табрез ба дарёфти мукофоти аввал ноил гардид. Мо бо ту ифтихор мекунем Табрез!”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.