Рӯйдодҳои варзишии сол. Футболи Тоҷикистонро дар саросари ҷаҳон тамошо карданд

Пандемияи коронавирус ба ҳаёти варзишӣ низ таъсир расонид. Қариб ҳамаи мусобиқаҳои бузурги сатҳи байнулмилалӣ, мусобиқаҳои байнулмилалии Осиё, ки варзишгарни тоҷик метавонистанд дар онҳо ҳунарнамоӣ намуда ба дастовардҳо ноил гарданд, ба соли оянда гузаронида шуданд. Олимпиадаи Токио, ки ду муштазани тоҷик ба он аввали соли 2020 роҳхат гирифта буданд, бозиҳои даври интихобии Чемпионати ҷаҳон оид ба […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Пандемияи коронавирус ба ҳаёти варзишӣ низ таъсир расонид. Қариб ҳамаи мусобиқаҳои бузурги сатҳи байнулмилалӣ, мусобиқаҳои байнулмилалии Осиё, ки варзишгарни тоҷик метавонистанд дар онҳо ҳунарнамоӣ намуда ба дастовардҳо ноил гарданд, ба соли оянда гузаронида шуданд.

Олимпиадаи Токио, ки ду муштазани тоҷик ба он аввали соли 2020 роҳхат гирифта буданд, бозиҳои даври интихобии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2022, Чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё оид ба дзюдо, гӯштин, варзиши сабук, велосипедронӣ ва дигар навъҳои варзиш  бо сабаби пандемияи COVID-19 баргузор нашуданд.

Чанде аз рӯйдодҳои варзиширо гирдоварӣ намудем, ки соли равон нисбатан кам буданд, лекин ба онҳо ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷи кишвар бештар таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Ба соли дигар гузаронидани Олимпиада

Рӯйдоди муҳимтарини соҳаи варзиш дар соли равон барои тамоми ҷаҳониён эълони ба соли 2021 гузаронидани Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва Паралимпӣ дар Токио маҳсуб меёбад.

Ҳоло муҳлати нави баргузории ин бозиҳо тасдиқ нашуда, лекин он на дертар аз тобистони соли 2021 гузаронида мешавад.

Дастоварди самбокорони тоҷик

Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати самбои ҷаҳон дар Сербистон ба дарёфти 4 медал шарафёб гардид: Акмалиддин Каримов (57 кг, медали нуқра); Комроншоҳ Устопириён (90 кг, биринҷӣ), Хушқадам Хусравов (62 кг, биринҷӣ) миёни калонсолон ва Самеъҷон Абдушукуров  (87 кг, биринҷӣ)  байни ҷавонон.

Моҳи декабр дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо ба хотири гиромидошти ёдбуди Харлампиев варзишгарони тоҷик 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Мусобиқаи оммавӣ оид ба шоҳмот

Пандемия ба баргузории Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот бо мукофтпулии 100 ҳазор сомонӣ халал нарасонид. Байни шоҳмотбозони касбӣ дастаи Душанбе-1 ва миёни дӯстдорони шоҳмот – тими вилояти Суғд ғолиб омаданд.

Мусобиқа моҳи июн дар сатҳи маҳаллӣ байни макотиби оливу миёна, корхонаву ташкилот ва мусассисаҳо оғоз гардид.

Тоҷикистон аз Ҳабиб Нурмагомедов мухлисӣ кард

Таваҷҷуҳи мухлисони тоҷик ва саросари дунёро имсол қаҳрамон Ҳабиб Нурмагомедов ба худ ҷалб кард. Тобистон падари ӯ бар асари коронавирус аз олам даргузашт. Моҳи сентябр ӯ бори сеюм унвонашро ҳимоя карда, бар амрикоӣ Ҷастин Гэтжи дастболо шуд ва ин пирӯзиро ба падараш бахшид. Пас аз муҳориба ӯ изҳор дошт, ки ба ҳунарнамоиаш хотима мебахшад.

Моҳи декабр Ҳабиб зимни нишасти матбуотии якунимсоата иқдомоташро ҷиҳати рушди варзиш дар Осиёи Маркази ва баргузории мусобиқа дар Душанбе муаррифӣ намуд.

Видоъ бо Марадона

Футболбози машҳури Аргентина Диего Марадона 25 ноябр дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт. Дар Аргентина се рӯз мотам эълон шуд.

Марадона бо ҳунарнамоии худ дар тими “Наполи”-и Италия ва мунтахаби футболи Аргентина маъруф аст. Соли 1986 ӯ ҳамроҳи тими мунтахаб ба дарёфти унвони чемпиони ҷаҳон дар Мексика ноил гардид. Ӯ ҳамчун мураббӣ низ маҳорати худро санҷида, соли 2010 ба ҳайси сармураббӣ дастаи Аргентинаро дар Чемпионати ҷаҳон дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ роҳбарӣ кард.

Чӣ гуна футболи тоҷик таваҷҷуҳи Испанияро ҷалб кард

Дар саросари ҷаҳон мусобиқаҳо оид ба ҳама навъҳои варзиш қатъ шуда, лекин Тоҷикистон ба баргузории мусобиқаи футбол идома дод. Ин ба он сабаб шуд, ки тамоми дунё ба мусобиқаи футболи ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намояд.

Бинобар сабаби набудани дигар бозиҳо, ҳамаи ширкатҳои букмекерӣ (шартбандӣ)-и ҷаҳон ба тахмини бозиҳои дастаҳои Тоҷикистон маблағ қабул мекарданд. Дар яке аз бозиҳо футболбозони тоҷик ҳамтоҳои испании худро, ки дар он ҷо вохрӯиҳои чемпионат қатъ шуда буданд, дастгирӣ намуданд.

Матбуоти Испания ба хотири миннатпазирӣ бо президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мусоҳиба орост.

Лекин тобистон вазъи марбут ба коронавирус нигаронӣ ба бор оварда, бозиҳои чемпионат қатъ карда шуданд.

Сипас он идома ёфта, тирамоҳ ба охир расид. “Истиқлол” чемпион шуда, “Равшан”-и Кӯлоб ба дарёфти Ҷоми футбол мушарраф гардид.

Лекин чун дар саросари дунё бозиҳо бе ҳузури тамошобинон баргузор шуданд.

Роҳхатҳои олимпии муштзанон

Ҳунарнамоии ду муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев дар мусобиқаи байнулмилалии интихобӣ дар Урдун имсол қобили таваҷҷуҳ буд. Ҳар ду ҳам ба Олимпиада роҳхат гирифтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.