Сафорати Олмон табобати бархе бемориҳоро маблағгузорӣ мекунад

Моҳи сентябри соли ҷорӣ, бо пуштибонии Ҳукумати Олмон ва ширкати олмонии “TajikAid” (https://tajikaid.de), дар Маркази миллии тиббии ҶТ (Беморхонаи Қарияи Боло) Дармонгоҳи ортопедияи ҷоғу рӯй таъсис дода шуд. Ба ғайр аз гузаронидани ҷарроҳиҳои ҷоғу рӯӣ,ташхису табобати бемориҳои гӯшу-ҳалқу-бинӣ ва гуфтордармонӣ (логопедия), акнун имкони табобати ортопедӣ-стоматологии даҳон ва ҷоғ фароҳам шуд (ортопедияи ҷоғу рӯй). Баъди омӯзиши […]

Иттиоияи расмӣ

Моҳи сентябри соли ҷорӣ, бо пуштибонии Ҳукумати Олмон ва ширкати олмонии “TajikAid” (https://tajikaid.de), дар Маркази миллии тиббии ҶТ (Беморхонаи Қарияи Боло) Дармонгоҳи ортопедияи ҷоғу рӯй таъсис дода шуд.

Ба ғайр аз гузаронидани ҷарроҳиҳои ҷоғу рӯӣ,ташхису табобати бемориҳои гӯшу-ҳалқу-бинӣ ва гуфтордармонӣ (логопедия), акнун имкони табобати ортопедӣ-стоматологии даҳон ва ҷоғ фароҳам шуд (ортопедияи ҷоғу рӯй). Баъди омӯзиши тӯлонии мутахассисон, ки аз ҷониби др. Геннадий Лонда аз Беморхонаи шаҳри Виттмунд, Олмон гузаронида шуд, дар Донишгоҳи давлатии тиббии ҶТ ба номи А. и. Сино акнун кафедраи стоматологияи кӯдакона ва ортодонтия амал менамояд. Илова бар ин, ҳамкории омӯзишӣ байни кафедра ва шаҳри Самараи Русия дар нақша гирифта шудааст.

Аз соли 2013 сар карда, Сафорати Олмон дар Душанбе,барои гузаронидани ҷарроҳии кӯдакони дорои бемории лаб ва коми шикофтаро аз ҳисоби маблағҳои ҷамъовардааш дар “Ярмаркаи Анъанавии Солинавии Олмонӣ” пуштибонӣ мекунад. Фоидаи ҷамъшуда аз “Ярмаркаи солинавӣ” пурра ба хонаводаҳое сарф мешавад, ки имкони пардохти чунин ҷарроҳиро барои кӯдаконашон надоранд. Кӯдаке, ки дар феҳрасти Сафорати Олмон қарор дорад, то замоне, ки вазъи саломатии ӯ пурра беҳтар мешавад, пуштибонияш давом мекунад.

Кӯдакони навзоде, ки бемории лаб ва коми шикофта (нуқси модарзоди инсон, ба якдигар начаспидани асосан лабу даҳони боло, баъзан бинӣ ва ҳатто ком) доранд, дар вақти нафасгирӣ ва истеъмоли ғизо ба душвориҳои зиёд дучор мешаванд. Ба кӯдакони хурдтарин ҷузъиёти сунъие – протез гузошта мешавад, ки қисми шикофи даҳону биниро маҳкам менамояд. Он барои беҳтар нафас кашидан, истеъмоли ғизоро осон намудан ва ба рушди мунтазами гуфтори кӯдакон мусоидат мекунад.

Ҳамасола як гурӯҳи пизишкони олмонӣ аз ташкилоти ғайридавлатии “TajikAid“ барои гузаронидани ҷарроҳиҳои мураккаб ва омӯзиши пизишкони маҳаллӣ ба Тоҷикистон меоянд.

То имрӯз зиёда аз 60 нафар кӯдак бо пуштибонии ин ташкилот ва Сафорати Олмон дар Душанбе ҷарроҳӣ карда шудаанд. Дар айни замон, боз 20 нафар кӯдак ба ҷарроҳии навбатӣ омода шуда истодаанд.

Шумо низ мехоҳед ба кӯдакон ёрии худро расонед? Пас бо мо тамос гиред:

Сафорати Олмон дар Душанбе – [email protected]

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.