Чаро озмуни “Хомаи созанда-2020” баргузор нагардид?

Озмуни вилоятии “Хомаи созанда”, ки ҳамасола дар миёни рӯзноманигорони вилояти Суғд баргузор мешуд, соли 2020 гузаронида нашуд. Ин озмун ҳамасола дар рӯзи Парчами миллӣ ҷамъбаст ва яке аз озмунҳои камназир дар кишвар буд. Музаффар Юнусов сухангӯи раиси вилояти Суғд сабаби баргузор нагардидани озмуни “Хомаи созанда”-ро дар соли 2020 ба ҳамагирии коронавирус вобаста кард. “Аз сабабе, ки бемории коронавирус […]

Хуршед Фозилов, Asia-Plus

Озмуни вилоятии “Хомаи созанда”, ки ҳамасола дар миёни рӯзноманигорони вилояти Суғд баргузор мешуд, соли 2020 гузаронида нашуд. Ин озмун ҳамасола дар рӯзи Парчами миллӣ ҷамъбаст ва яке аз озмунҳои камназир дар кишвар буд.

Музаффар Юнусов сухангӯи раиси вилояти Суғд сабаби баргузор нагардидани озмуни “Хомаи созанда”-ро дар соли 2020 ба ҳамагирии коронавирус вобаста кард.

“Аз сабабе, ки бемории коронавирус ҳамаро фаро гирифт, мо соли 2020 ин озмунро нагузаронидем. Аммо соли 2021 бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро идома хоҳем дод”,- мегӯяд  Юнусов.

Озмуни “Хомаи созанда” бодоштани будиҷаи 150 000 сомонӣ, яке аз озмунҳое дар кишвар байни рӯзноманигорон буд, ки ҳамасола то 100 нафар рӯзноманигорони шимоли кишвар дар он ширкат ва ҳавасманд карда мешуданд.

Ин озмун соли 2014, дар давраи роҳбарии Абдураҳмон Қодирӣ раиси пешини вилояти Суғд таъсис ёфта буд, ки аз чанд бахшҳо барои расонаҳои чопиву электронӣ гузаронида мешуд.

Баргузор нашудани озмуни "Хомаи созанда" дар Суғд дар ҳолест, ки хадамоти матбуотии вилояти Хатлон аз баргузории чунин як озмуне  бо номи “Нерӯи сухан” дар миёни рӯзноманигорони ин вилоят хабар дод ва эълон кард, ки дар Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола санаи 11-уми март таҷлил карда мешавад, ҷамъбаст мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.