Раҳматулло Фузайлов сармураббии “Истаравшан” таъин шуд

Футболбози маъруфи Тоҷикистон ва Русия, ҳимоятгар Раҳматулло Фузайлов сармураббии дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан таъин шуд. Дар ин бора ТВ “Варзиш” хабар медиҳад. Қаблан Алиёр Ашӯрмамадов сари ин мансаб қарор дошт. Раҳматулло Фузайлови 42-сола касби сармураббигии худро соли 2016 дар тими “КМВА (ЦСКА)-Помир” оғоз намуда, сипас дастаи “Кӯктош”-ро ба роҳбарӣ гирифт, менависад sports.tj. Ӯ дар дастаҳои […]

Футболбози маъруфи Тоҷикистон ва Русия, ҳимоятгар Раҳматулло Фузайлов сармураббии дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан таъин шуд. Дар ин бора ТВ “Варзиш” хабар медиҳад.

Қаблан Алиёр Ашӯрмамадов сари ин мансаб қарор дошт.

Раҳматулло Фузайлови 42-сола касби сармураббигии худро соли 2016 дар тими “КМВА (ЦСКА)-Помир” оғоз намуда, сипас дастаи “Кӯктош”-ро ба роҳбарӣ гирифт, менависад sports.tj.

Ӯ дар дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ карда, дар ҳайати тими “Нефтчӣ”-и Фарғона ду маротиба ба медалҳои нуқраи Чемпионати Ӯзбекистон ва Ҷоми футболи ин кишвар соҳиб шудааст.  

Ғайр аз ин, шурӯъ аз соли 2000-ум дар чор дастаҳои Русия: "Шинник" (Ярославл), "Алания" (Владикавказ), "Лада" (Тольятти) ва "Носта" (Новотроитск) бозӣ кардааст.

Соли 2007 ба Тоҷикистон баргашта, нахуст дар тими “КМВА-Помир” ва аз соли 2008 дар дастаҳои “Энергетик”, “Вахш” ва “Регар-ТадАЗ” ҳунарнамоӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.