Тоҷикистонро дар World Masters 3 паҳлавон намояндагӣ мекунанд

Дар шаҳри Доҳаи Қатар рӯзҳои 11-13 январ мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон (World Masters) баргузор мешавад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқа дар асоси даъватномаи Федератсияи байналмилалии ҷудо, тибқи радабандии ҷаҳонӣ 36 нафари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ иштирок мекунанд.  Гуфта мешавад, ҷумҳурии моро дар мусобиқаи мазкур 3 нафар – Сомон […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Доҳаи Қатар рӯзҳои 11-13 январ мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон (World Masters) баргузор мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқа дар асоси даъватномаи Федератсияи байналмилалии ҷудо, тибқи радабандии ҷаҳонӣ 36 нафари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ иштирок мекунанд.

 Гуфта мешавад, ҷумҳурии моро дар мусобиқаи мазкур 3 нафар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни -73кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) муаррифӣ мекунанд. Дар радабандии ҷаҳонии ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар ҷои 14-ум, Беҳрӯз Хоҷазода дар ҷои 17-уми вазни -73кг мавқеъ доранд. Темур Раҳимов бошад, дар вазни +100кг дар ҷои 30-юм қарор гирифтааст.

Тибқи маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқа иштироки 396 варзишгар (214 мард, 182 зан) аз 70 давлати дунё дар назар аст.

Шаҳри Доҳаи Қатар бори аввал мизбони мусобиқаи "World Masters" мегардад. Доҳа соли 2023 Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудоро хоҳад гузаронд.

Ёдрас мекунем, ки ҳар се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов аз дастгирии молиявии олимпӣ бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио талош мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.