Барои ҷавонони Душанбе курсҳои омӯзиши забони русӣ ташкил шуд

Бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар пойтахт курсҳои омӯзиши забони русӣ ташкил кард. Ҳадаф аз роҳандозии ин давраҳои омӯзишӣ беҳбуди сатҳи донистани забони русӣ байни ҷавонон, ҷалби онҳо ба таҳсил, инчунин кумак ба дарёфти кор мебошад, хабар доданд аз Кумита. Курсҳо дар доираи татбиқи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонони […]

Бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар пойтахт курсҳои омӯзиши забони русӣ ташкил кард. Ҳадаф аз роҳандозии ин давраҳои омӯзишӣ беҳбуди сатҳи донистани забони русӣ байни ҷавонон, ҷалби онҳо ба таҳсил, инчунин кумак ба дарёфти кор мебошад, хабар доданд аз Кумита.

Курсҳо дар доираи татбиқи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон барои давраи солҳои 2019-2021” гузаронида шуда, комилан бепуланд ва аз ҷониби шаҳрдории пойтахт маблағгузорӣ мешаванд.

Имсол дар 4 семоҳа дар мактаби №59-и ноҳияи Сино 4 давраи омӯзишӣ барпо карда мешавад. Ҳар кадоме аз курсҳо 3 моҳ давом мекунад. Айни замон гурӯҳи ҷавонони иборат аз 35 нафар ба омӯзиши забони русӣ пардохтанд. Бо хатми давраи омӯзишӣ ба онҳо гувоҳнома (сертификат)-и Департаменти шуғл ва меҳнати шаҳри Душанбе дода мешавад.

“Дар чаҳорчӯби барномаи дар боло зикршуда тӯли сол шояд чунин курсҳо дар дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ роҳандозӣ шаванд”, – гуфтанд дар Кумита.

Ба баргузории курсҳои омӯзиши забонҳо Департаменти кор бо ҷавонон ва варзиши Душанбе ва Департаменти шуғл ва меҳнат масъуланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.