Филиали донишгоҳи тиббӣ дар Хоруғ кушода мешавад

Дар шаҳри Хоруғ Филиали маркази омодагии пешакии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон кушода мешавад, хабар медиҳад ҳукумати ВМКБ.  Ба навиштаи дафтари матбуоти раиси вилоят ин нуктаро муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода бо ширкати намояндаи донишгоҳ, масъулини ҳифзуссиҳат ва маорифи вилоят мавриди баррасӣ қарор додааст Тоҳир Ниятбеков як устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино зимни барассии масъалаи мазкур, таъсиси […]

Дар шаҳри Хоруғ Филиали маркази омодагии пешакии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон кушода мешавад, хабар медиҳад ҳукумати ВМКБ. 

Ба навиштаи дафтари матбуоти раиси вилоят ин нуктаро муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода бо ширкати намояндаи донишгоҳ, масъулини ҳифзуссиҳат ва маорифи вилоят мавриди баррасӣ қарор додааст

Тоҳир Ниятбеков як устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино зимни барассии масъалаи мазкур, таъсиси филиали мазкурро барои омода намудани довталабони риштаи тиб барои дохил шудан ба донишгоҳи тиббӣ муҳим арзёбӣ карда гуфтааст, ки "бо кушода шудани он сифати қабули донишҷӯён ба донишгоҳ дар вилоят беҳтар мегардад".

Бино ба иттилои ҳукумати ВМКБ таҳсил дар ин марказ  8 моҳро дар бар мегирад. Намояндагони донишгоҳ гуфтаанд, ки таъсиси филиали мазкур дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишон додааст, ки 90 дарсади хонандагон баъди хатми он ба ДДТТ дохил мешаванд.

Муовини раиси вилоят дар ин нишаст дар мавриди зарурати таҳсили довталабон аз минтақаҳои дурдасти вилоят сухан карда, хостори додани имтиёз барои довталабони оилаҳои ниёзманд шудааст. 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.