Эмомалӣ Раҳмон президенти тозинтихоби Қирғизистонро табрик кард

Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқияи тарикотӣ раисҷумҳури тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборовро барои пирӯзӣ дар интихобот табрик кардааст, хабар медиҳад Хадамоти мабуоти Президенти Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон дар ин барқияи табрикотии худ ба Ҷабборов гуфтааст "мо ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба саъйю талошҳои пайгиронаи муштаракамон   умед мебандам". Дар ин […]

Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқияи тарикотӣ раисҷумҳури тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборовро барои пирӯзӣ дар интихобот табрик кардааст, хабар медиҳад Хадамоти мабуоти Президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин барқияи табрикотии худ ба Ҷабборов гуфтааст "мо ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба саъйю талошҳои пайгиронаи муштаракамон   умед мебандам".

Дар ин барқия ҳамчунин омадааст: "Натиҷаҳои ибрози раъйи мардуми Қирғизистон далели ҷонибдории васеи ҷомеа аз роҳи интихобкардаи Шумо мебошад, ки ба таҳкими суботу ризоият дар кишвар ва рушди устувору шукуфоии он нигаронда шудааст. Мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистонро анъанаҳои чандинасраи робитаҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд. Бо таъкиди алоқамандии ин ҷониб ба нигоҳдориву афзун гардонидани мероси таърихии созандаи муносибатҳои мардумони мо ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба саъйю талошҳои пайгиронаи муштаракамон   умед мебандам".      

Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Қирғизистон рӯзи якшанбе доир шуд, ки дар он Содир Ҷабборов, номзаде, ки ҳамагӣ се моҳ пеш аз зиндон раҳо шуда буду иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар низ таъин шуда буд, бо наздик ба 80 дар сади раъйи интихобкунандаҳо пирӯз шуд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.