Ширкатҳои Душанбе дар давраи пандемия $155 млн сармоягузорӣ ҷалб карданд

Корхонаҳои Душанбе дар зарфи 9 моҳи соли 2020 ба маблағи умумии 155 млн доллар сармоягузории хориҷӣ ҷалб намуданд. Бино ба иттилои шаҳрдории Душанбе, аз ҷумла, 29 корхона дар ҳаҷми умумии ҳудуди 53 млн доллар сармоягузории мустақими хориҷӣ ва 16 корхона ба маблағи қариб 102 млн доллар дигар сармоягузориҳо ҷалб кардаанд. Гуфта мешавад, айни замон дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Корхонаҳои Душанбе дар зарфи 9 моҳи соли 2020 ба маблағи умумии 155 млн доллар сармоягузории хориҷӣ ҷалб намуданд.

Бино ба иттилои шаҳрдории Душанбе, аз ҷумла, 29 корхона дар ҳаҷми умумии ҳудуди 53 млн доллар сармоягузории мустақими хориҷӣ ва 16 корхона ба маблағи қариб 102 млн доллар дигар сармоягузориҳо ҷалб кардаанд.

Гуфта мешавад, айни замон дар пойтахт 45 корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият доранд.

Дар пойтахт 13 лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ амалӣ мешаванд, ки аз ҳисоби онҳо бо назардошти солҳои гузашта 422,5 млн доллар, аз ҷумла 28,5 млн доллар – дар соли 2020 азхуд шудааст.

Соли 2020 шумори умумии субъектҳои соҳибкорӣ дар қаламрави  шаҳри Душанбе зиёда аз 42,4 ҳазор ададро ташкил дод.

Тибқи маълумоти шаҳрдорӣ, дар пойтахт 7316 корхонаву ширкатҳо (шахсони ҳуқуқӣ) ва наздики 35 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ амал мекунанд, ки ҳудуди 24 ҳазор нафарашон бо патент ва зиёда аз 11 ҳазор нафар бар асоси шаҳодатнома фаъолият мекунанд.

Соли гузашта 475 корхонаҳои истеҳсолӣ ба маблағи умумии 2,4 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки 6,2% зиёдтар нисбат ба соли 2019 мебошад.

Соли 2020 маҷмӯи маҳсулоти минтақавии Душанбе 10,4 млрд сомониро ташкил дод, ки 4% зиёдтар дар муқоиса бо соли 2019 аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.