Замимаи барномасози тоҷик барои ҳисоби арзиши муоинаи техникии автомашинаҳо

Барномасози ҷавон аз Хуҷанд Фаррух Қосимов барои ҳисоби арзиши муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт лоиҳаи сомонаи нави texosmotr.tj-ро таҳия намуд. Корбарон тариқи он метавонанд мустақилона хароҷот барои муоинаи техникии автомашинаи худро ҳисоб кунанд. “Шахсоне ҳастанд, ки зимни гузаронидани автомашинаашон аз муоинаи техникӣ душворӣ мекашанд ва ин замима ба моликони воситаҳои нақлиёт кумак карда, кори онҳоро осон […]

Барномасози ҷавон аз Хуҷанд Фаррух Қосимов барои ҳисоби арзиши муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт лоиҳаи сомонаи нави texosmotr.tj-ро таҳия намуд. Корбарон тариқи он метавонанд мустақилона хароҷот барои муоинаи техникии автомашинаи худро ҳисоб кунанд.

“Шахсоне ҳастанд, ки зимни гузаронидани автомашинаашон аз муоинаи техникӣ душворӣ мекашанд ва ин замима ба моликони воситаҳои нақлиёт кумак карда, кори онҳоро осон мекунад”, – мегӯяд Фаррух.

Баъди чанде Фаррух домен ба қайд гирифта, лоиҳаашро дар Фейсбук ҷойгир кардааст ва мегӯяд, аз корбарон ҷиҳати беҳбуди муҳтавои сомона пешниҳодҳои зиёде гирифта, инро оянда ҳатман ба инобат хоҳад гирифт.

Дар сомонаи texosmotr.tj моликони автомашинаҳои сабукрав ё боркаш, инчнин автобусу микроавтобусҳо арзиши аз муоинаи техникӣ гузаштани воситаи нақлиёти худро муайян карда метавонанд.

Корбарӣ дар сомона хеле осон аст. Ба он ворид шуда, дар гӯшаи дахлдор навъи автомобилро интихоб мекунед, сипас қувваи муҳаррики мошин ва таҷҳизоти газӣ доштан ё надоштани онро зикр карда, ба тугмаи “Ҳисоб кардан” пахш мекунед. Баъди лаҳзае дар экран арзиши пурраи арзиши муоинаи техникии автомашинаи шумо пайдо мешавад.

Қобили зикр аст, ки муоинаи техникии воситаи нақлиёт бояд дар як сол як маротиба гузаронида шавад. Муоинаи техникии нақлиёти мусофирбар бояд ҳар шаш моҳ баргузор шавад.

Барои дар муҳлати муқарраршуда нагузаронидани муоинаи техникии воситаи нақлиёт ҷарима ба маблағи се нишондиҳанда барои ҳисоб пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.