Қазоқистон дар семоҳаи аввали сол нархи гази моеъро боло намебарад

Нархҳои яклухти ҳадди ниҳоӣ ба гази моеъ дар семоҳаи аввали соли 2021 дар сатҳи нархи ҷорӣ боқӣ мемонанд, хабар медиҳад Вазорати энергетикаи Қазоқистон. Дар маълумот қайд мешавад, ки нархи ҳадди ниҳоии як тонна ин навъи сӯзишворӣ айни замон мисли семоҳаи охири соли гузашта 38 701,67 тенге (92,3 доллар)-ро ташкил медиҳад. Мувофиқи қонунгузории Қазоқистон нархи ҳадди […]

Нархҳои яклухти ҳадди ниҳоӣ ба гази моеъ дар семоҳаи аввали соли 2021 дар сатҳи нархи ҷорӣ боқӣ мемонанд, хабар медиҳад Вазорати энергетикаи Қазоқистон.

Дар маълумот қайд мешавад, ки нархи ҳадди ниҳоии як тонна ин навъи сӯзишворӣ айни замон мисли семоҳаи охири соли гузашта 38 701,67 тенге (92,3 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Мувофиқи қонунгузории Қазоқистон нархи ҳадди ниҳоии гази моеъи нафтӣ ҳар семоҳа бо фармони вазири энергетика дар доираи нақшаи таҳвили сӯзишворӣ ба бозори дохилӣ бидуни майдонҳои савдои электронӣ тасдиқ мешавад.

Қаблан зикр гардида буд, ки бо фармони вазири энергетикаи Қазоқистон содироти гази моеъи нафтӣ тариқи нақлиёти автомобилӣ ба муддати се сол манъ шуд. Ҳамчунин соли 2017 низ фармони ба ин монанд ба ҳамин муҳлат содир гардида буд. Моҳиятан Вазорат манъи содиротро боз ба муҳлати се соли дигар дароз кард.

Дар Вазорат таъкид дошта буданд, ки шабакаҳои ҷудогона газро, ки барои таъмини эҳиёҷоти дохилӣ пешбинӣ гардида буд,  ғайриқонунӣ ба берун аз ҳудуди Қазоқистон содирот мекарданд.

“Содироти ғайриқонунии сӯзишвории моеъи нафтӣ ба берун аз ҳудуди Қазоқистон тариқи нақлиёти автомобилӣ амалӣ мешавад, зеро назорати ин воситаи ҳамлу нақл қариб ғайриимкон аст”, – зикр шуда буд дар хабар.

Пас аз роҳандозии тадбирҳо дар соли 2017 вазъи таъминоти бозори дохилӣ бо гази моеъ ба эътидол омада, аз мақомоти дахлдор доир ба далелҳои кӯшиши содироти он ба хориҷи кишвар маълумот нарасид.

Зиёда аз 60% моликони автомашинаҳо дар Тоҷикистон гази моеъро ба сифати сӯзишворӣ истифода мебаранд.

Қобили зикр аст, ки гази моеъ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон (ҳудуди 93% аз ҳаҷми умумӣ), инчунин аз Ӯзбекистон (наздики 6%) ва Русия (тақрибан 1%) оварда мешавад.

Ба воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ 15 ширкат машғуланд, ки ҳиссаи нисбатан баландтар ба “Алат” (18%), “Темур Ойл” (11%), “Ғайрат” (10%) ва “Октан сервис” (10%) рост меояд.

Талаботи Тоҷикистон ба гази моеъ дар як моҳ 40 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти расмӣ, соли гузашта арзиши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон ба андозаи 5,4% боло рафт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.