Изофанависӣ: танқиди сахти муовини раиси вилояти Суғд аз ҳукумати Панҷакент

Хол Ҳайдар, муовини аввали раиси вилояти Суғд дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати шаҳри Панҷакент аз кори ҳукумат дар бахшҳои вижа интиқоди сахт карда,  баъзе аз масъулони ҳукуматро ба пешниҳоди маълумоти дурӯғ ва изофанависӣ гунаҳкор кардааст. Дар ин ҷаласа, ки гуфта мешавад 13-уми январ баргузор шудааст, ҳамчунин муовини раиси вилояти Суғд аз як қатор гузоришҳои нодурусти ҳукумати […]

Хуршед Фозил, Asia-Plus

Хол Ҳайдар, муовини аввали раиси вилояти Суғд дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати шаҳри Панҷакент аз кори ҳукумат дар бахшҳои вижа интиқоди сахт карда,  баъзе аз масъулони ҳукуматро ба пешниҳоди маълумоти дурӯғ ва изофанависӣ гунаҳкор кардааст.

Дар ин ҷаласа, ки гуфта мешавад 13-уми январ баргузор шудааст, ҳамчунин муовини раиси вилояти Суғд аз як қатор гузоришҳои нодурусти ҳукумати шаҳри Панҷакент парда бардоштааст, ки чанде қабл пешниҳод шуда буданд.

 Аз ҷумла, Хол Ҳайдар хотирнишон сохтааст, ки “дар коргоҳи “Маърифатпарвар” ҳам аз рӯи нақшаи ваъданамудаатон қариб 100 нафар бояд коргар қабул мекардед. Аммо накардед. Чаро ҷойҳои кории дурӯғин таъсис медиҳед? Киро фиреб мекунед? Фақат барои худнамоӣ бошад, даркор нест! Дар соҳаи саноат 45 нафар коргарони маошгир кам шудаанд”,– гуфтааст муовини аввали раиси вилояти Суғд.

Муҳаммадсодир  Сафарзода, муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент дар посух ба иҷро нашудани ваъдаи ҷойҳои кор гуфтааст, ки “КМ “Зарафшон” ҳар сол коргаронро ба нафақа ҷавоб медиҳад, вале ба ҷояшон коргар қабул намекунад”.

Муовини аввали раиси вилояти Суғд, ҳамчунин дар бахши кишоварзӣ, аз кам захира кардани хошок, кишти нокифояи баъзе аз сабзавот, аз ҷумла сабзиву пиёз, изофанависӣ дар кишти картошка низ изҳори нигаронии ҷиддӣ намудааст.

Ӯ аз ҷумла дар бораи ошкор шудани 1385 га изофанависӣ дар кишти картошка аз тарафи мақомоти додситонӣ гуфтааст.

Хол Ҳайдар ҳамчунин аз фаъолияти гурӯҳи кории тарғиботӣ дар бахши самаранок истифода бурдани барқро ҳам нокифоя хондааст.

Ҷамъоварии сусти чанд намуди андоз, аз ҷумла андоз аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз хоҷагиҳои кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар Панҷакент, дер пардохт намудани нафақаву маоши кормандони буҷавӣ, масъалаи қабули шаҳрвандон ва дигар мушкилот аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки муовини аввали раиси вилоят Хол Ҳайдар ба онҳо дахл намуд.

Масъулони ҳукумати Панҷакент дар ин маҷлис далелҳои худро ба муовини раиси вилоят гуфтаанд, вале гуфта мешавад, Хол Ҳайдар далелҳои пешниҳодиро нокофӣ донистааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.