Ситод: агар дар масҷидҳо қоидаҳои беҳдоштӣ риоя нашаванд, дубора баста мешаванд

Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо паҳншавии коронавирус аз шаҳрвандони кишвар дархост намудааст, ки бо вуҷуди тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ қоидаҳои беҳдоштии шахсиву ҷамъиятиро қатъян риоя кунанд. “Ҳангоми намози ҷамоа дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла дар масҷидҳо махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода баред”, – қайд мешавад дар иттилоияи Ситод, ки дар […]

Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо паҳншавии коронавирус аз шаҳрвандони кишвар дархост намудааст, ки бо вуҷуди тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ қоидаҳои беҳдоштии шахсиву ҷамъиятиро қатъян риоя кунанд.

“Ҳангоми намози ҷамоа дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла дар масҷидҳо махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода баред”, – қайд мешавад дар иттилоияи Ситод, ки дар сомонаи АМИТ “Ховар” чоп шудааст.

Гуфта мешавад, 20 январ ситод қарор кард, ки аз 1-уми феврал дар қаламрави мамлакат намозҳои ҷамоат дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода шавад.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази исломӣ якҷо бо Вазорати тандурустӣ вазифадор карда шуданд, ки вобаста ба амалӣ шудани қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, дар иттиҳодияҳои динӣ ва масҷидҳо риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятиро ҳангоми баргузории ибодати дастаҷамъона таъмин намоянд.

Дар ҳамин ҳол, Ситоди ҷумҳуриявӣ огоҳ мекунад, ки агар дар масҷидҳо талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя нашавад, фаъолияти чунин масҷидҳо манъ карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки масҷидҳоро дар Тоҷикистон пас аз хуруҷи вируси куруно 3-юми марти соли 2020 баста буданд, ки дубора дар охири моҳи март боз иҷоза доданд, вале аз 18-уми апрели соли 2020 дигарбора дари масоҷид ба далели пешгирӣ аз сироят наёфтан баста шуда буд.

Аз оғози падемия то 20 январи соли равон дар саросари ҷумҳурӣ 13 308 нафар сироятёфтагон, 13 218 нафар шифорёфтагон ва 90 кас фавтидагон аз ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.