Дар маркази Кӯшониён лавҳаи «Қаҳрамонони миллат» қомат меафрозад

Дар доираи сафар ба ноҳияи Кӯшониён (собиқ Бохтар) раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо рафти корҳои сохтмони пойдевори лавҳи «Қаҳрамонони миллат» дар маркази шаҳраки Исмоили Сомонӣ шинос шуд. Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, лавҳа бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба корномаи Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо […]

Дар доираи сафар ба ноҳияи Кӯшониён (собиқ Бохтар) раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо рафти корҳои сохтмони пойдевори лавҳи «Қаҳрамонони миллат» дар маркази шаҳраки Исмоили Сомонӣ шинос шуд.

Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, лавҳа бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба корномаи Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур бунёд мегардад.

Гуфта мешавад, сохтмони иншооти мазкур моҳи ноябри соли 2020 оғоз гардида, баландиаш 4,5 метр ва паҳнояш 10 метр хоҳад буд.

“Лоиҳа бо санъати баланди меъмории миллӣ тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ бо харҷи беш аз 50 ҳазор сомонӣ ҷараён доранд”, – қайд мешавад дар хабари ҳҳукумати вилоят.

Зикр мегардад, ки қарор аст бунёди лавҳи мазкур дар хиёбони марказии ноҳияи Кӯшониён ояндаи наздик ба итмом бирасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.