Ҳукумати Хатлон ба 21 лоиҳаи занон 250 ҳазор сомонӣ ихтисос додааст

Имсол 21 зан дар вилояти Хатлон бурсия ё грантҳои ҳукумати ин вилоятро дарёфт кардаанд. Ғолибони  озмунҳои бурсияҳо дар як маросими хос бо ҳузури раиси вилоят эълон шудаанд, ки гуфта мешавад, ҳаҷми умумии маблағи бурсияҳо дар соли равон 250 ҳазор сомонӣ будааст.  Бино ба навиштаи шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят, ҳаҷми ҳар грант аз 8 то […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Имсол 21 зан дар вилояти Хатлон бурсия ё грантҳои ҳукумати ин вилоятро дарёфт кардаанд. Ғолибони  озмунҳои бурсияҳо дар як маросими хос бо ҳузури раиси вилоят эълон шудаанд, ки гуфта мешавад, ҳаҷми умумии маблағи бурсияҳо дар соли равон 250 ҳазор сомонӣ будааст. 

Бино ба навиштаи шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят, ҳаҷми ҳар грант аз 8 то 20 ҳазор сомониро  дар бар гирифтааст.

Бурсияҳои раиси вилоят барои дастгирии занони соҳибкор ва баланд бардоштани некӯаҳволии занони вилоят соли 2016 таъсис дода шудааст, ки ҳар соле 21 лоиҳа бо ҳаҷми умумии 250 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Давоми солҳои 2016-2020 дар доираи ин озмун 105 лоиҳаҳои занони соҳибкор ба маблағи 1 миллиону 250 ҳазор сомонӣ ҳимоят шудааст.

Ин тарҳҳо, асосан дар бахши ташкили коргоҳҳои дӯзандагӣ, курсҳои омӯзишӣ, ташкили гармхонаҳо, чорводорӣ, парандапарварӣ ва ғайра равона карда шудаанд.

Ҳукумати вилояти Хатлон мегӯяд, ки дар натиҷаи иҷроӣ шудани ин лоиҳаҳо 1,9 ҳазор зан соҳиби ҷойи кори доимӣ шуда, 2 ҳазору 576 нафар ҷавондухтарон соҳиби касбҳои гуногун гардидаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ба ҷуз ин, тӯли солҳои 2016-2020 лоиҳаҳои 151 зани хатлонӣ дар доираи грантҳои президентӣ маблағгузорӣ карда шудаанд.

Бино ба маълумоти шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят, дар Хатлон 17 ҳазору 541 нафар зани соҳибкор номнавис шудааст, ки аз 12 ҳазору 425 нафар бо шаҳодатнома ва 5 ҳазору 425 нафар бо патент фаъолият мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.