Президент дар бораи “хоинони миллату хоҷаҳои хориҷӣ” ва “стратегияи нави мубориза бо терроризм”

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи паёмаш ба Маҷлиси Олӣ ишора кард, ки хоинони миллати тоҷику хоҷагони хориҷияшон дар пайи ноором кардани вазъ дар Тоҷикистон мебошанд. Ӯ ишора накард ва мушаххас нагуфт, ки ин "хоинони миллати тоҷик" киҳоянд ва хоҷагони хориҷии онҳо кадом кишвару созмонҳоянд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, онҳо ҳадаф доранд фарҳангу мазҳаби бегонаро ба […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи паёмаш ба Маҷлиси Олӣ ишора кард, ки хоинони миллати тоҷику хоҷагони хориҷияшон дар пайи ноором кардани вазъ дар Тоҷикистон мебошанд. Ӯ ишора накард ва мушаххас нагуфт, ки ин "хоинони миллати тоҷик" киҳоянд ва хоҷагони хориҷии онҳо кадом кишвару созмонҳоянд.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, онҳо ҳадаф доранд фарҳангу мазҳаби бегонаро ба миллати тоҷик таҳмил кунанд.

"Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд".

 

Президенти Тоҷикистон бо назардошти ин омил ва шароити нави дунё ва таҳдиду хатарҳо, ба Додситонии кулли Тоҷикистон дастур дод, ки имсол Стратегияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои мубориза бо терроризм барои солҳои 2021-2022 таҳия кунанд. 

"Бо мақсади идомаи корҳо дар ин самт, Прокуратураи генералӣ вазифадор карда мешавад, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025»–ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.