Изҳороти Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикистон имрӯз бе коронавирус аст”

"Тоҷикистон имрӯз бе коронавирус аст", – изҳорот дод Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз ҳангоми ироаи паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Президенти Тоҷикистон гуфт, ки аз оғози моҳи январи соли 2021 дар Тоҷикистон дигар мавридҳои сироят шудан ба коронавирус сабти ном нашудааст. Аммо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ин маънои онро надорад, ки мо қоидаҳои беҳдоштии инфиродиву ҷамъиятиро сарфи […]

"Тоҷикистон имрӯз бе коронавирус аст", – изҳорот дод Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз ҳангоми ироаи паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Президенти Тоҷикистон гуфт, ки аз оғози моҳи январи соли 2021 дар Тоҷикистон дигар мавридҳои сироят шудан ба коронавирус сабти ном нашудааст.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ин маънои онро надорад, ки мо қоидаҳои беҳдоштии инфиродиву ҷамъиятиро сарфи назар кунем. Ӯ гуфт, "Худоро шукр мо ба вазъе, ки дар дигар кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ рух дод, дучор нашудем".

Эмомалӣ Раҳмон ишора кард, мо дидем, ки баъзе маърака ва тӯйҳо сабаби сироятёбии вазнин шуд. Аммо раисҷумҳур нагуфт, ки ин  маъракаву тӯйҳо дар куҷо буданд ва чӣ теъдод мардум дар ин тӯйҳо сироят шудаанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба боз шудани дари масҷидҳо ишора кард ва гуфт, ки агар масҷидҳое, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд, дари онҳо баста шаванд. Президенти Тоҷикистон мардуми кишварро ба эҳтиёткории ҷиддӣ даъват кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.