Эмомалӣ Раҳмон: Шоирону академикҳо кӯдаконро дар “Фурӯғи субҳи доноӣ” мисли прокурор пурсуҷӯ карданд

Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз ҳангоми ироаи паём ба Маҷлиси Олӣ аз баргузории озмуни "Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст" қаноатмандӣ намуда, дастур дод, ки ғолибони ин озмун бидуни имтиҳон ба донишгоҳҳо пазируфта шаванд. Президенти Тоҷикистон ҳамчунин дастур дод, ки ба хотири боло бурдани нақши илм дар Тоҷикистон озмуни нав бо номи «Илм – фурӯғи маърифат» ташкил шавад.  […]

Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз ҳангоми ироаи паём ба Маҷлиси Олӣ аз баргузории озмуни "Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст" қаноатмандӣ намуда, дастур дод, ки ғолибони ин озмун бидуни имтиҳон ба донишгоҳҳо пазируфта шаванд.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин дастур дод, ки ба хотири боло бурдани нақши илм дар Тоҷикистон озмуни нав бо номи «Илм – фурӯғи маърифат» ташкил шавад. 

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳузури густардаи хонандагон дар озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" тавсиф кард ва ҳатто гуфт, ки сатҳи суханронии бархе аз наврасони ширкаткунандаи ин озмун аз аъзои ҳакамони ин озмун баландтар буд. Ман ба иззати нафси касе расидань нестам, вале сатҳи суханронии баъзе аз хонандаҳо аз аъзои ҳакамон ва шоиру нависандаҳову рӯзноманигорону барандаҳо баландтар буд.

"Баъзе академикҳову шоирони бузургамон кӯдакони 5-6-соларо чуноне пурсупос карданд, ки ягон прокурор ҷинояткорро ин гуна пурсу пос намекунад. Ин худ як қаҳрамонист. Чаро мо инро қабул накунем",-гуфт раисҷумҳур.

Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки сатҳи ин озмун бояд боз баландтар карда шавад. Ӯ аз сохторҳои давлат ва ниҳодҳои ҷомеа талаб кард, ки пешниҳод кунанд, ки чӣ ҷоизае барои падару модар ва омӯзгорони ғолибони  ин озмун таъсис диҳем. Раисҷумҳур ба ҳама ниҳодҳо дастур дод, ки барои ҳавасмандгардонии маънавии омӯзгорон ва волидайни ғолибони ин озмун даст ба кор шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.