Президент: нафақаи маъюбон то 50% зиёд ва се мактаб-интернати президентӣ бунёд шавад

Аз моҳи сентябр нафақаи кӯдакони то синни 18-сола 20 дар сад ва маъюбони гурӯҳи якум ба андозаи 50% зиёд карда мешавад. Ин дастурро имрӯз Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба Маҷлиси Олӣ ба мақомоти марбутаи давлат дод.   Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки нафақаи маъюбони дигар низ 20 дар сад зиёд карда шавад.  Ӯ иброз […]

Аз моҳи сентябр нафақаи кӯдакони то синни 18-сола 20 дар сад ва маъюбони гурӯҳи якум ба андозаи 50% зиёд карда мешавад. Ин дастурро имрӯз Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба Маҷлиси Олӣ ба мақомоти марбутаи давлат дод.  

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки нафақаи маъюбони дигар низ 20 дар сад зиёд карда шавад. 

Ӯ иброз намуд, ки дар асоси қонуни ҶТ «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»,  «нафақаи кӯдакони маъюб ба андозаи 20 фоиз ва маъюбони гурӯҳи якум 50 дарсад зиёд карда мешавад. То зиндагии афроди  осебпазири  ҷомеа беҳтар карда шавад». 

Ҳамзамон Президенти кишвар ба ҳукумат супориш дод, ки барои бунёди се мактаб-интернати президентӣ барои  ятимони кулл дар вилояти Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе чораҷӯйӣ намоянд. 

Гуфта шуд, ки дар ин муассисаҳо низ мисли мактабҳои байналмилалӣ шароити беҳтарини дарсӣ ва зиндагӣ муҳайё карда шавад.Ӯ Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва Директсияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистонро вазифадор кард, ки то аввали моҳи октябр лоиҳаи ин муассисаҳо таҳия ва барои мувофиқа ба роҳбари давлат пешниҳод кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.