Хатсайри троллейбуси №9 дар Душанбе барқарор мешавад

Аз 28 январ дар шаҳри Душанбе равуои троллейбусҳо бо хатсайри №9 барқарор мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт. Ҳаракати троллейбусҳо бо хатсайри зикршуда қариб ду сол пеш бо сабаби корҳои таъмиру навсозӣ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ қатъ гардида буд. Хатсайр аз Комбинати равған (Масложиркомбинат) то маҳаллаи “Обшорон” равуо карда, ба мусофирон троллейбусҳои бидуни алоқаи […]

Аз 28 январ дар шаҳри Душанбе равуои троллейбусҳо бо хатсайри №9 барқарор мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт.

Ҳаракати троллейбусҳо бо хатсайри зикршуда қариб ду сол пеш бо сабаби корҳои таъмиру навсозӣ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ қатъ гардида буд.

Хатсайр аз Комбинати равған (Масложиркомбинат) то маҳаллаи “Обшорон” равуо карда, ба мусофирон троллейбусҳои бидуни алоқаи тамғаи БК 32100D хизмат мерасонанд.

Троллейбусҳои хатсайри нав дар хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ ва Садриддин Айнӣ ҳаракат мекунанд.

Гуфта мешавад пардохти ҳаққи роҳкиро танҳо тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Троллейбусҳои нав, ки ҳамакнун дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳаракат меоянд, тамғаи БКМ-32100D истеҳсоли корхонаи “Белкоммунмаш”-и Белорус мебошанд. Ҳар як троллейбус дар умум барои 90 мусофир, бо 22 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Ин троллейбусҳо ҳам бо ёрии шабакаи барқ ва ҳам бидуни алоқа бо барқ (тарзи автономӣ, мустақилона) ҳаракат карда метавонанд. Энергияи (нерӯи барқи) захирашуда дар троллейбусҳои чунин навъ барои ҳаракат бидуни васл бо шабакаи барқ ба масофаи то 15 километр мерасад (кифоягӣ мекунад).

Ин навъи троллейбусҳои муосиру замонавӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори аввал моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба ҳаракат оғоз намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.