Соли 2020 аҳолии Русия 500 ҳазор нафар кам шуд

Шумори аҳолии Русия соли гузашта зиёда аз ним миллион нафар кам шуд, ки нишондиҳандаи рекордӣ тайи 15 сол аст. Маргу мир, тибқи маълумоти Идораи омори Русия, давоми моҳҳои январ-ноябр ба ҳадди ниҳоӣ тайи 10 соли охир расидааст, хабар медиҳад РБК. Гуфта мешавад, соли 2020 шумори аҳолии Русия 510 ҳазор нафар кам шуда, ба ҳолати 1 […]

Шумори аҳолии Русия соли гузашта зиёда аз ним миллион нафар кам шуд, ки нишондиҳандаи рекордӣ тайи 15 сол аст. Маргу мир, тибқи маълумоти Идораи омори Русия, давоми моҳҳои январ-ноябр ба ҳадди ниҳоӣ тайи 10 соли охир расидааст, хабар медиҳад РБК.

Гуфта мешавад, соли 2020 шумори аҳолии Русия 510 ҳазор нафар кам шуда, ба ҳолати 1 январи соли 2021 – 146 млн 238 нафарро ташкил додааст.

Ба иттилои манбаъ, бори охир чунин камшавии шумори аҳолӣ 15 сол қабл ба қайд гирифта шуда, он замон ин рақам аз 143,8 млн дар соли 2005 то ба 143,2 млн ба аввали соли 2006 поин рафтааст.

Дар давраи солҳои 2007-2009 шумори аҳолӣ то 142,7 млн нафар кам шуда, шурӯъ аз соли 2010 афзоиши аҳолӣ ба қайд гирифта мешуд.

Ба ин тариқ, соли 2012 шумори аҳолии Русия ба 143 млн, соли 2014 – 143,7 млн, соли 2015 – зиёда аз 146 млн нафар расида буд. Аз соли 2017 шумори аҳолӣ аз 146,8 млн нафар поин нарафта, аввалин камшавии босуръат соли 2021 ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.