Русия бо кадом шартҳову кай сарҳадашро боз мекунад?

Маскав, шояд, пас аз хулосаи комиссия оид ба арзёбии вазъияти эпидемиологӣ дар Тоҷикистон алоқаи ҳавоиро бо Душанбе барқарор кунад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 11 феврал дар шаҳри Душанбе вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода изҳори назар кард. Дар ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки […]

Маскав, шояд, пас аз хулосаи комиссия оид ба арзёбии вазъияти эпидемиологӣ дар Тоҷикистон алоқаи ҳавоиро бо Душанбе барқарор кунад.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 11 феврал дар шаҳри Душанбе вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода изҳори назар кард.

Дар ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврал дар Маскав доир гардид, Ширин Амонзода низ иштирок карда, ин ҷо низ чунин масъала баррасӣ шудааст.

“Ҷониби Русия изҳор дошт, ки барои баҳодиҳӣ ба вазъияти эпидемиологӣ дар Тоҷикистон комиссия фиристода, аз рӯйи натиҷаҳои сафари ин комиссия доир ба иҷозаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия қарор қабул хоҳад шуд”, – қайд кард вазир.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи натиҷаҳои сафар мутахассисони Роспотребнадзор ба ситоди фаврӣ оид ба пешгирии воридкунӣ ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар қаламрави Русия барои баррасӣ гузориш омода мекунанд.

Талаботи асосии Русия дар ин самт – риояи қоидаву меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ мебошад.

Оғози сохтмони мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон тобистони ҳамин сол дар назар аст.

Бино ба маълумоти Вазорат, соли 2020 аз Тоҷикистон ҳамагӣ 129 ҳазору 807 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки 76% камтар аз соли пешин мебошад. Аз ин шумор 117 ҳазору 912 нафар Русия ва 4574 нафар – Қазоқистонро кишвари муҳоҷират интихоб кардаанд.

Айни замон Тоҷикистон аз корфармоҳои Русия дар соҳаҳои гуногун – сохтмону хоҷагии манзилию коммуналӣ, саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва ғайра дархостҳои зиёд мегирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.