Боздиди беш аз 350 ҳазор сайёҳ аз Тоҷикистон дар соли 2020

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки пандемияи COVID-19 ба бахши сайёҳии ҷумҳурӣ зиёни ҷиддӣ расонид: бар асари паҳншавии коронавирус давоми соли 2020 вуруди сайёҳон ба андозаи 72,2% кам шуд. Соли гузашта шумори умумии сайёҳони аз Тоҷикистон боздидкарда 350 ҳазору 600 нафарро ташкил дода, ин нишондиҳанда […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки пандемияи COVID-19 ба бахши сайёҳии ҷумҳурӣ зиёни ҷиддӣ расонид: бар асари паҳншавии коронавирус давоми соли 2020 вуруди сайёҳон ба андозаи 72,2% кам шуд.

Соли гузашта шумори умумии сайёҳони аз Тоҷикистон боздидкарда 350 ҳазору 600 нафарро ташкил дода, ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 1 млн 254 ҳазор нафар баробар буд.

Тоҷиддин Ҷӯразода ҳамчунин маблағи тахминии зарари расида ба бахши сайёҳиро аз таъсири коронавирус номбар кард.

“Агар то пандемия ҳиссаи сайёҳӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар дар сатҳи 2-2,5% қарор дошт, ки тахминан 230-250 млн доллар аст, пас соли 2020 даромад аз сайёҳӣ то 72 млн доллар кам шуд, ки ин ҳамагӣ 1%-и ММД мебошад”, – қайд кард раиси Кумита.

Ба гуфтаи ӯ, дар вазъияти ҷойдошта Кумитаи рушди сайёҳӣ тасмим гирифт, ки ба рушди сайёҳии дохилӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунад.

Бо ин мақсад баргузории корҳои таъмиру навсозӣ дар Қалъаи Ямчуни ВМКБ ва Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ, мақбараи "Хоҷа-Машҳад" ва "Чилучорчашма" дар ноҳияи Шаҳритус“ба нақша гирифта шудааст.

Зикр шуд, ки соли 2020 дар Тоҷикистон 22 ширкати нави сайёҳӣ таъсис дода шуда, акнун шумори умумии онҳо ба 224 адад расид. Ҳамчунин 6 меҳмонхонаи нав бунёд гардида, айни замон теъдоди умумии онҳо дар Тоҷикистон 188 ададро ташкил медиҳад.

Ҷӯразода қайд кард, ки минбаъд ба сохтмони хостел (меҳмонхонаи хурд) ва хоумстейҳо (меҳмонхонаи канори роҳ) таваҷҷуҳи зиёдтар зоҳир хоҳад шуд.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки барои амалисозии лоиҳаҳо оид ба рушди деҳот ва сайёҳӣ 30 млн доллар гранти Бонки ҷаҳонӣ ва 10 млн доллар гранти Бонки осиёии рушд ҷалб шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.