“Азия-Плюс” рӯзноманигорони шаҳрвандиро барои ҳамкорӣ даъват мекунад

Гуруҳи расонаҳои «Азия-Плюс» қабули рӯзноманигорони шаҳрвандӣ аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва гуруҳи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро барои бахши тоҷикии худ, эълон мекунад. Барои он ки шумо рӯзноманигори шаҳрвандии ин расонаи бонуфуз шавед, зарур нест, ки таҷриба ва собиқаи рӯзноманигорӣ ё кор дар расонаҳоро дошта бошед. Ҳатто маълумоти олии рӯзноманигорӣ низ муҳим нест. Мо […]

Гуруҳи расонаҳои «Азия-Плюс» қабули рӯзноманигорони шаҳрвандӣ аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва гуруҳи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро барои бахши тоҷикии худ, эълон мекунад.

Барои он ки шумо рӯзноманигори шаҳрвандии ин расонаи бонуфуз шавед, зарур нест, ки таҷриба ва собиқаи рӯзноманигорӣ ё кор дар расонаҳоро дошта бошед. Ҳатто маълумоти олии рӯзноманигорӣ низ муҳим нест.

Мо ба онҳое ниёз дорем, ки ба рушди ҷомеа дар Тоҷикистон бетараф нестанд, онҳоеро меҷӯйем, ки дар бораи рӯзгору таърихи ҷолиби инсонҳо ва ҳодисаҳо дар минтақаи худ барои тамоми кишвар ҳарфи гуфтан доранд.

Довталабони мақоми рӯзноманигори шаҳрвандӣ бар асоси озмун интихоб карда мешаванд. Баъди интихоби довталабон, омӯзиши онлайнии инфиродӣ гузаронида мешавад, ки маҳоратҳои зерин фаро гирифта мешаванд:

Асосҳои рӯзноманигорӣ;

Шеваҳои ёфтани достонҳои ҷолиб;

Дарёфти иттилоъ ва чизҳои зиёди дигар.

Баъди омӯзиши онлайнӣ рӯзноманигорони шаҳрвандӣ дар идораи “Азия-Плюс” ба кор мепардозанд ва барои ҳар матлаби омодакардаашон ҳаққи қалами мувофиқ мегиранд.

Барои ширкат дар озмун, шумо бояд CV-и худро (дар ҳар шакле, ки бошад) ба почтаи [email protected]  ва якчанд идеяву мавзуъҳоро барои матлабҳои ояндаатон бифристед. Ҳамчунин зарур аст ин ДАРХОСТИ ОНЛАЙНИРО пур кунед. Дар номи мактуб зарур аст "Рӯзноманигори шаҳрвандӣ" ишора шавад.
Рӯзи охирини дархостҳо 10-уми март аст.

Ширкат дар лоиҳаи “Рӯзноманигории шаҳрвандӣ” фурсати хубест то шумо ба тими ин расонаи маъруфу муосир бипайвандед, аз назокатҳои рӯзноманигории муосир огоҳ шавед, равандҳои муосири расонаҳоро биомӯзед, эҷоди матлабҳои чандрасонаиро ёд гиред ва барои худ ихтисоси наве эҷод кунед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.