Пардохти хизматрасониҳои электронии хориҷӣ дар Тоҷикистон боз имконпазир шуд

Пардохти хизматрасониҳои хориҷӣ тариқи ҳамёнҳои мобилӣ дар Тоҷикистон боз имконпазир шуд. Бонкҳои Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки ба корбарон маҳдудият ҷорӣ накарда, Кумитаи андоз бошад, то ҳол вазъи вобаста ба тағйирот дар ин самтро шарҳ намедиҳад. Ёдрас мекунем, ки аз 16 январ дар баъзе бонкҳо пардохти хизматрасониҳои онлайн дар хориҷа дастнорас шуд. Тағйироти марбут ба “андоз […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+

Пардохти хизматрасониҳои хориҷӣ тариқи ҳамёнҳои мобилӣ дар Тоҷикистон боз имконпазир шуд. Бонкҳои Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки ба корбарон маҳдудият ҷорӣ накарда, Кумитаи андоз бошад, то ҳол вазъи вобаста ба тағйирот дар ин самтро шарҳ намедиҳад.

Ёдрас мекунем, ки аз 16 январ дар баъзе бонкҳо пардохти хизматрасониҳои онлайн дар хориҷа дастнорас шуд. Тағйироти марбут ба “андоз ба Google” ба Кодекси андози ҷумҳурӣ, ки дар он андозбандии хизматрасониҳои электронии хориҷӣ пешбинӣ шудааст,  ба ин сабаб гардид.

Мувофиқи ин тағйирот, шахсони хориҷие, ки мустақиман ба шахсони воқеӣ дар қаламрави Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ анҷом медиҳанд, ба пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ба буҷети кишвар дар ҳаҷми 18% уҳдадор мешаванд.

Лекин чӣ гуна сурат гирифтани ин ҷараён, оё агентиҳои андоз эътироф шудани бонкҳоро он замон Кумитаи андоз шарҳ надод (то ҳол шарҳ надодааст). Аз ин рӯ, як қатор бонкҳо бо қарори худ то замони дастрас кардани шарҳ ин хизматгузориҳоро қатъ намуданд.

Дар робита ба ин, пардохти хизматрасониҳои операторони хориҷӣ, телевизиони моҳвораӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, бозиҳои онлайн, домену хостингҳои хориҷӣ ғайриимкон шуд.

Аз ҳамин ҳафта ин хизматгузориҳо дубора дастрас шуданд.

Кумитаи андоз шарҳ дод, ки дар сурати транзаксия бонкҳо андозбандӣ намешаванд. Ширкатҳои хориҷӣ бояд шахсан дар Кумитаи андоз ба қайд гирифта шуда, ҳар семоҳа ҳисобот супоранд.

Ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки дар мавриди ин масъала аз Кумитаи андоз шарҳ бигирад.

Дар сомонаи Кумита зикр шуда буд, ки афзоиши босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва савдо тариқи шабакаи интернет ба қабули чунин қарор боис гардида, зимни таҳияи қонунгузорӣ аз таҷрибаи кишварҳое чун Ӯзбекистон, Русия, Беларус, Испания, Юнон ва Маҷористон истифода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.