БОР ба дастгирии бахши энергетикаи Тоҷикистон идома медиҳад

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари тозатаъини Намояндагии доимии Бонки осиёии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл тариқи онлайн дидору гуфтушунид кард. “Дар ҷараёни мулоқот як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла раванди ислоҳоти соҳаи энергетика, ҷорӣ намудани инфрасохтори пешрафтаи биллингӣ, васеъ намудани иқтидорҳои тавлиди барқи нерӯгоҳҳои мавҷуда, барқарор кардани робитаҳои энергетикӣ […]

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари тозатаъини Намояндагии доимии Бонки осиёии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл тариқи онлайн дидору гуфтушунид кард.

“Дар ҷараёни мулоқот як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла раванди ислоҳоти соҳаи энергетика, ҷорӣ намудани инфрасохтори пешрафтаи биллингӣ, васеъ намудани иқтидорҳои тавлиди барқи нерӯгоҳҳои мавҷуда, барқарор кардани робитаҳои энергетикӣ бо кишварҳои минтақа, афзоиши ҳаҷми содироти нерӯи барқ ва ҳамчунин масъалаҳои дигари судманди мутақобила мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорат.

Гуфта мешавад, айни замон Бонки осиёии рушд дар бахши энергетикаи Тоҷикистон се лоиҳаро амалӣ месозад:

– барқарорсозии неругоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт;

– ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ;

– Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот қайд шудааст, ки масоили ҷалби ширкатҳо барои идоракунии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ки нав таъсис дода шудааст, инчунин ҷорисозии низоми баҳисобгирӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои бузурги кишвар низ баррасӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки  парлумони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта созишномаи грантӣ байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва БОР-ро доир ба лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика” тасдиқ кард.

Интизор меравад, ки Барномаи грантии рушди соҳаи энергетика дар ҳаҷми 105 млн доллар ба амалисозии ислоҳоти ҷорӣ дар соҳаи энергетика суръат бахшида, баҳисобгирии чаканаи истифодаи барқ ва шабакаҳои тақсимоти ҷараёни паст ва миёнаро дар ҳафт шаҳр беҳтар мекунад.

Қобили зикр аст, ки сар аз соли 2018 Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон танҳо бар асоси бебозгашт кумаки молиявӣ мерасонад.

Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуда, ин ниҳоди байнулмилалии молӣ яке аз ташкилотҳои асосии мададрасон ба ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. То имрӯз ҳаҷми маблағҳои ҷудошудаи ин ниҳод ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумакҳои техникӣ ҳудуди 1,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла қариб 490 млн доллар аз ҳаҷми умумии кумак ба бахши энергетика равона шудааст.

Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуд. Саҳмдорони бонк 68 кишвар буда, 49-тои он дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд. Ин минтақаро шукуфо, ҳамгиро, ба ҳаёт тобовару устувор кардан ва аз байн бурдани қашшоқӣ аз ҳадафҳои БОР унвон мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.