Боздиди намояндагони Роспотребнадзор аз озмоишгоҳ ва муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазир Самариддин Ализода бо намояндагони Роспотребнадзори Русия баргузор шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, зимни вохурӣ  ҷонибҳо доир ба вазъи феълии санитарию эпидемиологӣ дари Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд. “Сафари намояндагони Роспотребнадзор ҷиҳати иҷрои тавофуқоти зимни ҷаласаи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид […]

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазир Самариддин Ализода бо намояндагони Роспотребнадзори Русия баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, зимни вохурӣ  ҷонибҳо доир ба вазъи феълии санитарию эпидемиологӣ дари Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

“Сафари намояндагони Роспотребнадзор ҷиҳати иҷрои тавофуқоти зимни ҷаласаи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 дар шаҳри Москва баргузор гардид,  сурат гирифта, ҳадаф аз сафари онҳо таҳлили вазъи санитарию эпидемиологӣ дар Тоҷикистон аст”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, сафари кории намояндагони  корхонаи федералии тиббии Институти илмӣ-таҳқиқотии зидди вабои Федератсияи Россия “Микроб”-и назди Хадамоти федералии назорат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон “Роспотребнадзор” дар Тоҷикистон то 19 марти соли равон дар назар буда, дар ин муддат онҳо аз як қатор озмоишгоҳ ва муассисаҳои тандурустии мамлакат боздид ба амал хоҳанд овард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.