Сафири Эрон: “аз Наврӯз ба унвони яке аз пояҳои ҳамбастагии Эрону Тоҷикистон бояд бештар истифода кард”

Муҳаммадтақӣ Собирӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон дар як паёми тарикотии наврӯзии бепешина, ки дар маконҳои таърихии Тоҷикистон, аз ҷумлаи Қалъаи Ҳисор навор бардошта шудааст, Наврӯзро ба мардуми Тоҷикистон ва тамоми форсзабонон табрик гуфтааст ва таъкид карджааст, ки аз он бояд ба унвони яке "аз пояҳои ҳамбастагӣ, ба манзури ҳар чӣ наздиктар шудани ду кишвари ҳамфарҳангу […]

Парвинаи Зуришо, Asia-Plus

Муҳаммадтақӣ Собирӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон дар як паёми тарикотии наврӯзии бепешина, ки дар маконҳои таърихии Тоҷикистон, аз ҷумлаи Қалъаи Ҳисор навор бардошта шудааст, Наврӯзро ба мардуми Тоҷикистон ва тамоми форсзабонон табрик гуфтааст ва таъкид карджааст, ки аз он бояд ба унвони яке "аз пояҳои ҳамбастагӣ, ба манзури ҳар чӣ наздиктар шудани ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон Эрон ва Тоҷикистон бештар истифода кард".

Муҳаммадтақӣ Собирӣ Наврӯзро яке "аз куҳантарин суннатҳои таърихии муштарак"-и Тоҷикистону Эрон ва мардумони форсзабон дониста, гуфтааст, ки паёми он сулҳ, ҳамзистӣ ва ҳамдилӣ аст, ки ниёгони мо онро ба унвони ид ва оғози соли нав интихоб карданд.

Сафири Эрон зимни табрики Наврӯзи бостонӣ "ба ҳамватанони эронӣ ва мардуми ҳамфарҳангу ҳамзабони Тоҷикистон ва ба ҳамаи мардумоне, ки Наврӯзро гиромӣ медоранд" гуфтааст, ки "дар рӯзгоре, ки бархе ба думболи шӯълавар кардани оташи ихтилоф, ҷангу хунрезӣ дар ҷаҳон ҳастанд, ин Наврӯз аст, ки рамзи тавҳидро ёдовар мешавад ва ҳамагонро ба сулҳу ҳамдилӣ фаро мехонад, то биандешанд ба неъматҳое, ки аз ҷониби худованди якто бар суфраи зиндагӣ доранд ва бидонанд, "ки дар офариниш зи як гавҳаранд".

 

Ба иқрори ҷаноби Собирӣ эҳтимому пешгомии ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон ва ҳамроҳии соири кишварҳои ҳавзаи Наврӯз барои сабти он дар маҷомеъи байналамллӣ, нишондиҳандаи аҳамияти ин мероси куҳан мебошад, ки мардумони ин кишварҳо рӯзгорони гузашта дар канори ҳам, нигаҳбони фарҳангу тамаддуни худ будаанд.

"Хушбахтона иқдомоти хубе дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муаррифии "Наврӯз" шудааст, вале боз ҳам ҷои эҳтимому талоши бештар дар муаррифии ин мероси маънавии ниёгонамон вуҷуд дорад. Боястӣ аз зарфияти Наврӯз ба унвони як амали умдаи ваҳдату таваҷҷуҳ додан ба аҳамияти ин ҷашни куҳан ба унвони яке аз пояҳои ҳамбастагӣ, ба манзури ҳар чӣ наздиктар шудани ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон Эрон ва Тоҷикистон бештар истифода кард".

Густараи ҷуғрофиёии Наврӯз ва низ қидмати чандҳазорсолаи он метавонад ба заминаи муносибе барои ҳамгароии минтақавӣ байни кишварҳо табдил шавад ва дар ин миён дипломатияи фарҳангӣ омиле муҳим барои ин ҳамгароист чаро, ки ҷашни Наврӯз бо унвони "Дипломатияи Наврӯз" метавонад зарфияти азимеро дар ин замина фароҳам намояд,-гуфтааст дар поёни табрикоти наврӯзии худ Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.