Русия вуруди донишҷӯёни хориҷиро иҷозат дод. Донишҷӯёни тоҷикро чӣ?

Кобинаи вазирони Русия ба вуруди донишҷӯёни хориҷие, кт дар ин кишвар таҳсил мекунанд, иҷоза дод. Санаде, ки дар ин замина 16 март ба имзо расидааст, на ба ҳама, танҳое ба донишҷӯёне иҷоза медиҳад, ки вазъи эпидемологӣ дар онҳо беҳбуд ёфтааст,  менависад нашрияи "Известия".  Ин кишварҳо бар асоси пешниҳоди вазорати маорифу илм ва тасдиқи  Ситоди фаврии муқобила бо […]

Кобинаи вазирони Русия ба вуруди донишҷӯёни хориҷие, кт дар ин кишвар таҳсил мекунанд, иҷоза дод. Санаде, ки дар ин замина 16 март ба имзо расидааст, на ба ҳама, танҳое ба донишҷӯёне иҷоза медиҳад, ки вазъи эпидемологӣ дар онҳо беҳбуд ёфтааст,  менависад нашрияи "Известия"

Ин кишварҳо бар асоси пешниҳоди вазорати маорифу илм ва тасдиқи  Ситоди фаврии муқобила бо коронавирус дар ин кишвар муайян карда мешавад. Ин тасмимро палатаи поёни порлумони Русия ҳам пуштибонӣ кардааст. 

Вазорати илму маорифи Русия гуфтааст, ки ба донишҷӯён хабари иҷоза ёфтанро худи донишгоҳо ва ба василаи нашри маълумот дар торнамоҳои худи донишгоҳҳо ва ба василаи шабакаҳои иҷтимоиву паёрасонҳо  мерасонанд. 

Ин ниҳод гуфтааст, ки баро баргашт ба донишгоҳҳои омодагии вижа талаб карда мешавад. 

Донишҷӯёни хориҷӣ 10 рӯз қабл аз рӯзи омадан ба Русия бояд тавассути почтаи электронӣ куратори донишгоҳияшро аз рӯзи омадани худаш ба нуқтаи марзӣ хабар дор кунад.

Ҳамаи донишҷӯён барои вуруд ба Русия бояд тавассути почтаи электронӣ иҷоза ё тасдиқи намояндаи мактаби олиро дарёфт кунанд ва тести лозим супоранд. Ташхисро бояд на пештар аз се рӯзи ворид шудани ба Русия бисупоранд. 

Донишҷӯён баъди ворид шудани ба Русия бояд натиҷаҳои тести худро ба масъулини донишгоҳ ва хобгоҳ пешниҳод кунанд. Ҳамчунин дар Русия бояд дубора ин гуна тест бисупоранд ва то маълум шудани натиҷаи тестҳояшон қоидаҳои худинзивоиро дар хобгоҳ риоят кунад ва метавонад дар ин муддат ба таҳсил онлайн идома бидиҳад. 

Донишҷӯёни тоҷик то кунун ин иҷозаро дарёфт накардаанд ва то маълум шудани иҷоза ба дарсҳояшон онлайн идома медиҳанд. 

Ҳоло бино ба маълумоти расмии Вазорати маориф дар Тоҷикистон 1800 донишҷӯй банд мондаанд. Аммо инҳо донишҷӯёне мебошанд, ки расман дар пойгоҳи Вазорати маориф сабти ном шудаанд, онҳое ки сабт нашудаанд метавонанд зиёдтар бошанд. 

Тирамоҳи соли 2020 донишҷӯёни тоҷик талоши зиёде карданд, ки Русия барои онҳо иҷоза бидиҳад, ки бираванд, вале ин талошҳояшон натиҷа надод. Онҳо барои додхоҳӣ ба назди Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва Сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон рафтанд, аммо натиҷае ҳосил нашуд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.