Дар зарфи 6 рӯз нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ 56% иҷро шуд

Дар зарфи 6 рӯз аз оғози маъракаи даъвати наваскарон  ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нақша 56% иҷро шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадализода. Бино ба гуфтаи ӯ, то ҳол чунин нишондиҳандаи баланд дар ин маърака ба мушоҳида нарасида буд. Маъракаи даъвати баҳории наваскарон ба […]

Дар зарфи 6 рӯз аз оғози маъракаи даъвати наваскарон  ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нақша 56% иҷро шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадализода.

Бино ба гуфтаи ӯ, то ҳол чунин нишондиҳандаи баланд дар ин маърака ба мушоҳида нарасида буд.

Маъракаи даъвати баҳории наваскарон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз 1 апрел шурӯъ шуд.

Шоми ҳамон рӯз раҳбарияти ВМКБ аз 100% иҷро шудани нақшаи даъват мужда расонид.

Ҳамчунин боз се ноҳияи вилояти Хатлон аз иҷрои нақшаи даъват дар рӯзи аввали оғози маърака хабар доданд.

“То имрӯз нақшаи даъват дар шаҳри Душанбе 74,3%, вилояти Суғд – 43%, Хатлон – 45% ва Ноҳияҳои тобеи марказ – 77% ба иҷро расид”, – гуфт Маҳмадализода.

Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ду моҳ – апрел ва май ҷараён мегирад. Шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хидмат ё озод будан аз хидмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, ба хидмат даъват карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 20 январ ба таҳрири нави қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мувофиқат кард.

Мувофиқи тағйирот, дар ҷумҳурӣ намуди нави хидмат барои ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷорӣ мешавад. Муҳлати он як моҳ ва бо пардохти маблағи муайян пешбинӣ гардид.

Ба хатмкардагони макотиби олӣ низ акнун лозим меояд, ки дар артиш як сол хидмат кунанд. Хатмкунандагоне, ки як сол хидмат кардан намехоҳанд, низ бояд бо пардохти маблағ як моҳ хизмат кунанд.

Ғайр аз ин, мутобиқи қонуни нав, уҳдадори даъватшавандагон ва волидони онҳо зиёдтар шуд.  Бар асоси қонуни нав, дар сурати ҳузур надоштани даъватшаванда, волидон (ё шахсони ивазкунандаи онҳо) ба қабули даъватнома бо забонхат ва ба шаҳрванди даъватшаванда ба хидмат расонидани он уҳдадор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.