То тирамоҳи соли оянда дар Душанбе корхонаи истеҳсоли лифтҳо сохта мешавад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишномаи сармоягузориро байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе тасдиқ кард. Зимни суханронӣ оид ба ин масъала назди вакилони мардумӣ муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Шараф Шерализода изҳор намуд, ки ба амалисозии лоиҳаи […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишномаи сармоягузориро байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала назди вакилони мардумӣ муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Шараф Шерализода изҳор намуд, ки ба амалисозии лоиҳаи мазкур ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” 5 млн доллар маблағ равона карданист.

Мутобиқи лоиҳа корхона дар майдони 7 гектар бунёд гардида, дар назар аст, ки баъди ба истифода додани он, ки моҳи сентябри соли 2022 пешбинӣ шудааст, 200 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар корхонаи нав лифтҳо, ҳисобкунакҳои барқ ва таҷҳизоти обгармкунӣ истеҳсол карда мешаванд. Танҳо дар соли 2020 Тоҷикистон ба маблағи 14 млн доллар чунин таҷҳизотро аз хориҷи кишвар харида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.