Даргузашти Азиза Юсуфӣ, бародарзодаи Ҳабиб Юсуфӣ, аз фаъолони ҳаракати худшиносии тоҷикони Самарқанд

Раиси созмони иҷтимоию фарҳанги ва сиёсии точикони Самарқанд Азиза Юсуфӣ, бародарзодаи шоири хушноми тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ даргузашт. Дар ин бора Ҳаким Рабимпур яке аз фаъолони ҳаракати худшиносии тоҷикон дар Ӯзбекистон ва аз ёрони ҳамфикру ҳамгоми бону Юсуфӣ дар саҳфаи фейсбукяш хабар додааст. Раббимпур аз Юсуфӣ ба унвони "ҳамсангари фаъолияти бедорӣ ва ҳуввиятшиносии миллатам, Раиси созмони иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсии […]

Раиси созмони иҷтимоию фарҳанги ва сиёсии точикони Самарқанд Азиза Юсуфӣ, бародарзодаи шоири хушноми тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ даргузашт. Дар ин бора Ҳаким Рабимпур яке аз фаъолони ҳаракати худшиносии тоҷикон дар Ӯзбекистон ва аз ёрони ҳамфикру ҳамгоми бону Юсуфӣ дар саҳфаи фейсбукяш хабар додааст.

Раббимпур аз Юсуфӣ ба унвони "ҳамсангари фаъолияти бедорӣ ва ҳуввиятшиносии миллатам, Раиси созмони иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсии точикон "Самарқанд" ном бурдааст.        

Ӯ ҳамчунин навиштааст, ки "муаллима нахустин ровии бахши тоҷикии радиои вилоят (Самарқанд – АП) будандд. Аз соли 1991 дар мушкилтарин ҳолатҳои фаъолияти ҷамияти тоҷикони Самарқанд ва кишварамон, раиси созмонамон буданд. Аз минбарҳои баланди кишварамон, Тоҷикистон, созмонҳои ҳуқуқи башар, манфиатҳои миллатро дифоъ кардаанд, ки ҳеҷ аз ёди рушанфикрони бедор намебарояд".

Азиза Юсуфӣ, соли 1944 дар ноҳияи Сиёби шаҳри Самарқанд, дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда буд. Баъди хатми мактаби миёна, бахши тоҷикии риштаи забону адабиёти донишгоҳи Самарқандро хатм карданд. Баъдан дар донишкадаи омӯзгории муаллимони Самарқанд ба унвони омӯзгор ва дар мақомҳои раҳбарӣ кор кард буд.

Раббимпур гуфтааст, ки "ҳоло садҳо шогирдонашон дар гӯшаи беканори кишварамон ва берун аз он фаъолият мекунанд". 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.