Ҳукумат амволи “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк”-ро мегирад, пули мардум чӣ мешавад?

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пешниҳоди ҳукуматро доир ба танзими қарзҳои "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк", ки дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд, маъқул донист. Ин ҷо сари баргардонидани қарзҳои ҳукумат, ки барои дубора сармоягузорӣ кардани ин бонкҳо аввали соли 2017 дода шуда буд, сухан меравад. Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ба вакилон пешниҳод намуд, ки амволи бонкҳои мавриди […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пешниҳоди ҳукуматро доир ба танзими қарзҳои "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк", ки дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд, маъқул донист.

Ин ҷо сари баргардонидани қарзҳои ҳукумат, ки барои дубора сармоягузорӣ кардани ин бонкҳо аввали соли 2017 дода шуда буд, сухан меравад.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ба вакилон пешниҳод намуд, ки амволи бонкҳои мавриди барҳамдиҳӣ қарордошта ба тавозуни ҳукумат бо фурӯши минбаъда гузаронида шавад.

Ӯ таъкид дошт, ки мутобиқи қарори ҳукумат аз 12 декабри соли 2016 “Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки ҶТ барои сармоякунонии бонкҳо”, ба “Тоҷиксодиротбонк” 2,25 млрд сомонӣ ва “Агроинвестбонк” – 1,07 млрд сомонӣ ҷудо шуда буд.

Вазири молия изҳор дошт, ки барои таъмини ин қарзҳо он замон амволи бонкҳо ба гарав гузошта шуда буд.

Қарзҳои ҳукуматро он замон ин бонкҳо ба муҳлати 5 сол бо 2%-и солона гирифтанд. Соли 2017 бонкҳо бояд 5%, соли 2018 – 20% ва 3 соли минбаъда – 25%-и маблағи гирифтаро бармегардониданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҳоким Холиқзода 10 феврали соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки ин бонкҳо амволи худро дар он ҳаҷме, ки имкон диҳад бо ҳамаи қарздиҳандагон ва саҳҳомонашон ҳисоббаробарӣ кунанд, фурӯхта наметавонанд.

Ҳамааш аз рӯйи навбат

21 майи соли равон БМТ иҷозатномаҳои фаъолияти “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро бозхонд карда, раҳбарияти бонкҳоро барканор ва мудирони худро дар онҳо таъин кард.

“Мудирон барои идора кардани бонкҳои мазкур бо мақсади таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои онҳо то лаҳзаи аз ҷониби суд таъин кардани мудирони махсус масъул мебошанд”, – зикр гардида буд дар хабари Бонки миллӣ.

Пас аз таъини мудири махсус ҳамаи ваколатҳо оид ба идоракунии ташкилоти қарзӣ (маҷлиси умумии саҳҳомон, шӯрои нозирот, раёсат, раис) қатъ гардида, мудири махсус ягона намояндаи қонунии бонк мешавад.

Ҷараёни барҳамдиҳии бонк муҳлати на беш аз ду соли тақвимиро дар бар гирифта, дар сурати зарурат бо дархости мудири махсус суд метавонад онро боз ба муҳлати ду сол дароз кунад.

Тибқи маълумоти БМТ, маблағҳои 23,7 ҳазор амонатгузорон (86%)-и “Агроинвестбонк” ва 3,5 ҳазор амонатдорон (64%)-и “Тоҷиксодиротбонк” пурра аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ пардохт мешавад.

Пулҳои 14% (4 ҳазор) боқимонда саҳмдорони “Агроинвестбонк” ва 36% (2 ҳазор) амонатгузорони “Тоҷиксодиротбонк” аз ҷониби ин Хазина қисман баргардонида мешаванд.

Маблағи пасандози шахсони воқеӣ бо пули миллӣ то 30 ҳазор сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ то 21 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Пардохти ҷуброни суғуртавӣ ба амонатгузорони “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” бо анҷоми 14 рӯз аз содир шудани қарори суд дар бораи барҳамдиҳии ин ташкилотҳои қарзӣ дар бонк-агент сурат мегирад.

Маблағи боқимондаи  амонатҳои шахсони воқеӣ дар баробари қарзҳо ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳисоби фурӯши дороиҳои ин бонкҳо пардохт мешавад.

Дороиҳо дар музояда аз ҷониби мудири махсус ба фурӯш гузошта шуда, пули бадастомада аз ҳисоби фурӯши онҳо ба мизоҷон бо тариби муқарраршуда пардохт карда мешавад.

Мувофиқи қонун “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” маблағи амонатгузорон аз рӯйи чунин навбат пардохт карда мешаванд.

– маблағҳое, ки барои раванди муфлисшавӣ ва фаъолияти мудири махсус харҷ шудаанд;

– музди меҳнати кормандони ташкилоти қарзӣ;

– маблағҳое, ки ҳукумат ё БМТ ба ташкилоти қарзӣ пешниҳод кардаанд;

– ҳама гуна талаби пасандоздорон, ки пардохт нашудааст: шахсони воқеӣ, ташкилоту дигар шахсони ҳуқуқӣ ва дигарон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.