Сайти нашрияи Девони Вазирони Ӯзбекистон бахши тоҷикияшро фаъол кард

Нашрияи "Янги Ӯзбекистон" органи нашаротии Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон сайти худро бо забони тоҷикӣ ҳам фаъол кардааст. Дар ин бора худи ин нашрия иттилоъ медиҳад.  Сайти ин нашрия, ки дар интернет бо суроғаи  yuz.uz қобили дастрас аст, бахши тоҷики худро дар ин суроға фаъол кардааст – yuz.uz/tj. Дар шарҳи ин иқдоми худ нашрияи "Янги Ӯзбекистон", навиштааст, ки "ин […]

Asia-Plus

Нашрияи "Янги Ӯзбекистон" органи нашаротии Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон сайти худро бо забони тоҷикӣ ҳам фаъол кардааст. Дар ин бора худи ин нашрия иттилоъ медиҳад. 

Сайти ин нашрия, ки дар интернет бо суроғаи  yuz.uz қобили дастрас аст, бахши тоҷики худро дар ин суроға фаъол кардааст – yuz.uz/tj.

Дар шарҳи ин иқдоми худ нашрияи "Янги Ӯзбекистон", навиштааст, ки "ин натанҳо ба тоҷикони Ӯзбекистон, балки ба тоҷикони тамоми ҷаҳон имкон медиҳад, ки иттилооти дақиқ  ва шаффофро дар мавриди Ӯзбекистони муосир дарёфт кунанд".

Нашрияи «Янги Ӯзбекистон» 25 январи соли гузашта таъсис шудааст ва ҳоло тақрибан 80 000 нусха нашр мешавад. Ин нашрия ҳоло дар баробари забони тоҷикӣ, ҳамчунин сайти худро бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, инглисӣ ва қазоқӣ низ  фаъол кардааст. Нашрия дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам хеле фаъол аст ва ба иттилои худи масъулони он моҳона бештар аз як миллион корбар аз онҳо баҳрабардорӣ мекунад.

Дар Ӯзбекистон то омадани Шавкат Мирзиёев ба қудрат, вазъи расонаҳои тоҷикзабон ба ҳолати буҳронӣ расида буд. Ҳоло ба ҷуз ин ки дар бархе вилоятҳо расонаҳои тоҷикӣ фаъол шудаанд, дар сатҳи давлатӣ, дар ин кишвар нашрияи "Овози тоҷик" ҳамчун органи нашаротии Маҷлиси Олӣ ва Девони Вазирони Ӯзбекистон ба нашр мерасад, ки дафтари марказии он дар шаҳри Тошканд аст. Рӯзномаи "Овози тоҷик" соли 1924 дар Самарқанд таъсис шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.