Омодагии ширкатҳои сохтмони Русия барои ташкили ваксингирии муҳоҷирон

Ширкатҳои сохтмони Русия изҳори омодагӣ намудаанд, ки ба муҳоҷироне, ки баҳри кор ба Русия меоянд, барои гирифтани ваксина имкон фароҳам месозанд, изҳор доштааст муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин. Дар мусоҳиба ба шабакаи телевизиони “Русия-24” ӯ изҳор доштааст, ки “назди худ вазифа гузоштем, ки ҳамаи муҳоҷирони коргарро, ки ба Русия меоянд, бо ваксина гирифтан таъмин намоем” […]

Ширкатҳои сохтмони Русия изҳори омодагӣ намудаанд, ки ба муҳоҷироне, ки баҳри кор ба Русия меоянд, барои гирифтани ваксина имкон фароҳам месозанд, изҳор доштааст муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин.

Дар мусоҳиба ба шабакаи телевизиони “Русия-24” ӯ изҳор доштааст, ки “назди худ вазифа гузоштем, ки ҳамаи муҳоҷирони коргарро, ки ба Русия меоянд, бо ваксина гирифтан таъмин намоем” ва ширкатҳои сохтмон “худашон омодаанд, ки ваксинагириро ташкилу баргузор ва маблағашро пардохт кунанд”, менависад нашрияи “Взгляд”.

“Худи коргароне, ки масалан аз Беларусу Ӯзбекистон ва Тоҷикистон меоянд, низ ба он манфиатдоранд, ки дар ин ҷо кор карда, маош гиранд. Шарти мо ваксин гирифтан аст ва умедворам, ки онҳо ин шарти моро мепазиранд”, – илова кардааст муовини сарвазир.

Қаблан дигар муовини сарвазири Русия Татяна Голикова хабар дода буд, ки масъалаи ваксинагирии муҳоҷирон ва донишҷӯёни хориҷиро ҳукумати Русия ояндаи наздик ҳаллу фасл мекунад.

Аввали моҳи май президенти Русия Владимир Путин изҳор дошта буд, ки дар бисёре аз соҳаҳои иқтисоди ин кишвар норасоии қувваи корӣ ба назар мерасад ва ҳукумат аз тамоми имконоташ истифода мебарад, то ки муҳоҷирони кории ба ин ҷо омада худро бароҳату хуб ҳис кунанд.

Як рӯз пеш, 15 июн Владимир Путин дар бораи танзими ҳуқуқи хориҷиён дар давраи пандемияи COVID-19 фармон ба имзо расонид, ки мувофиқи он муҳлати ҳузури муваққатии муҳоҷирон дар Русия бидуни таҳрим то 30 сентябри соли 2021 тамдид шуд. Тибқи матни санад, агар хориҷиён ба қонуншиканӣ даст назада бошанд, онҳо то 30 сентябр ихроҷ карда намешаванд.

Раиси Шӯрои нозирони Фонди Хоҷагии манзилию коммуналӣ Сергей Степашин изҳор доштааст, ки ҳудуди 300 ҳазор нафар муҳоҷирон ба наздикӣ ба сохтмонҳои Русия омада метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.