Dai Nippon Construction ба сохтмони як қитъаи роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар оғоз мекунад

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндагони ширкатҳои Dai Nippon Construction ва CTI Engineering Co.ltd лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи автомобилгарди “Қизилқалъа-Бохтар” шоҳроҳи Душанбе – Бохтарро баррасӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон. Ширкати аввал зикршуда паймонкор буда, ширкати дуюм дар амалисозии лоиҳа ба сифати машваратчӣ иштирок мекунад. Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ ба ширкати паймонкор […]

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндагони ширкатҳои Dai Nippon Construction ва CTI Engineering Co.ltd лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи автомобилгарди “Қизилқалъа-Бохтар” шоҳроҳи Душанбе – Бохтарро баррасӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Ширкати аввал зикршуда паймонкор буда, ширкати дуюм дар амалисозии лоиҳа ба сифати машваратчӣ иштирок мекунад.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ ба ширкати паймонкор пешниҳод намуд, ки барои бештар пурсамар истифода шудани маблағҳо лоиҳаро бо ҷалби ширкатҳои маҳаллӣ амалӣ созад.

Ӯ зикр кард, ки дар вазъияти пандемия интиқоли техникаю таҷҳизотҳо аз Ҷопон ба Тоҷикистон ва хароҷотҳои вобаста ба ин равандро метавон тариқи ҷалби имкониятҳои дохилӣ сарфа намуд.

“Ин ҳам дар ҳолест, ки Dai Nippon Construction таҷрибаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои маҳаллиро дорад ва дар вазъияте, ки хатари бемории коронавирус то ҳол аз байн нарафтааст”, – иброз дошт вазир.

Намояндагони ширкати паймонкор изҳор доштанд, ки масъалаи мазкурро ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор дода, хулосаи худро вобаста ба ин пешниҳод менамоянд.

Ёдрас мекунем, ки созишнома дар бораи сохтмони қитъаи роҳи автомобилгарди “Қизилқалъа-Бохтар” шоҳроҳи Душанбе – Бохтар байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкатҳои Ҷопон моҳи апрели соли равон ба имзо расид.

Дар доираи амалисозии лоиҳа аз ҳисоби кумаки бебозгашти молиявии ҳукумати Ҷопон ба маблағи 30,1 млн доллар дар масофаи 9,2 километр роҳи 4-хатта сохта мешавад.

Дар назар аст, ки амалисозии лоиҳаи мазкур дар муддати 22 моҳ пурра ба анҷом расонида шавад.

Қитъаи қариб 40-километрии роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар (масофаи умумиаш тақрибан 98 км) аз ҳисоби кумаки бебозгашти Бонки осиёии рушд (БОР) ба маблағи 90 млн доллар таъмиру бозсозӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.