Дар Африқои ҷанубӣ мехоҳанд чандшавҳарӣ барои занонро иҷозат диҳанд

Дар кишвари Африқои Ҷанубӣ мехоҳанд қонунан ба занон доштани беш аз як шавҳарро иҷоза бидиҳанд. Дар ин кишвар мардон аз нигоҳи қонун ҳақ доранд, ки чанд зан дошта бошанд.  Дар ҳоли ҳозир тарҳи қонун дар ин замина дар ин кишвар дар ҳоли баррасист. Бино ба иттилои BBC ин тарҳи қонунро вазорати корҳои дохилии ин кишвар […]

Дар кишвари Африқои Ҷанубӣ мехоҳанд қонунан ба занон доштани беш аз як шавҳарро иҷоза бидиҳанд. Дар ин кишвар мардон аз нигоҳи қонун ҳақ доранд, ки чанд зан дошта бошанд. 

Дар ҳоли ҳозир тарҳи қонун дар ин замина дар ин кишвар дар ҳоли баррасист. Бино ба иттилои BBC ин тарҳи қонунро вазорати корҳои дохилии ин кишвар пешниҳод кардааст, ки муҳофизакоронро асабонӣ намудааст. 

Онҳое, ки дар ин кишвар аз ин тарҳ пуштибонӣ кардаанд, гуфтаанд, ки дар сурати қонунӣ шудани ин кор, издивоҷро як кори фарогиртар мекунад. 

Ба навиштаи расонаҳои африқоӣ, тарқи қонунан ҳимоят шудани чанд ҳамсар доштани занон  бахше аз барномаиҳои бузурги  давлат барои ташвиқ ба издивоҷ дар ин кишвар мебошад. 

Ҳарчанд ин тарҳ бо вокуниши гуруҳҳои гуногун дар ҷомеаи ин кишвар мувоҷеҳ шудааст, аммо давлат мегӯяд, ки дар таҳияи ин тарҳ, бо раҳбарони суннатӣ, чеҳраҳои бонуфуз ва фаъолони ҳуқуқи башар машварат кардааст. 

BBC зимни инъикоси ин хабар менависад, ки таҳқиқоти давлат нишон додааст, ки раҳбарони мазҳабӣ дар ин кишвар, танҳо бо чандҳамсарӣ барои мардон мувофиқанд ва чунин ҳақро барои занон қоил намешаванд. 

Ҳоло гуфта мешавад, ки тарҳи ин қонун ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва давлат ҳанӯз ба машвартаҳо барои ин тарҳ идома медиҳад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.