Вазири молия: Тоҷикистон барои харидани воксин аз Бонки Осиёии Рушд $25 млн грант мегирад

Тоҷикистон 3 миллион воя воксини дигари зидди COVID-19 мехарад. Барои ин аз Бонки Осиёии Рушд 25 миллион доллар грант ё кӯмаки бебозгашт мегирад. Дар ин бора Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 30-уми июн дар Маҷлиси намояндагон хабар дод. Гуфта мешавад ин тарҳ аслан 26.8 миллион доллар буда, 25 миллиони онро Бонки Осиёии Рушд ва 1.8 миллионашро […]

Asia-Plus

Тоҷикистон 3 миллион воя воксини дигари зидди COVID-19 мехарад. Барои ин аз Бонки Осиёии Рушд 25 миллион доллар грант ё кӯмаки бебозгашт мегирад. Дар ин бора Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 30-уми июн дар Маҷлиси намояндагон хабар дод.

Гуфта мешавад ин тарҳ аслан 26.8 миллион доллар буда, 25 миллиони онро Бонки Осиёии Рушд ва 1.8 миллионашро ҳукумати Тоҷикистон медиҳад. Бо ин пул ба ҷуз воксин дигар васоили тиббӣ низ харидорӣ мешавад.

Тоҷикистон пештар аз Бонки Ҷаҳонӣ ҳам барои хариди ваксинаи зидди коронавирус беш аз 8 миллион доллар кӯмаки бебозгашт гирифтааст. Акнун бо гранти Бонки Осиёи Рушд хариди восин то соли 2023 дар назар гирифта шудааст. 

Ҳарчанд  Тоҷикистон барои хариди воксин аз ниҳодҳои молии гуногуни ҷаҳон грант ё бурсияҳои еӯмакӣ гирифтааст, вале расман аз ҳеч кишваре воксин харидорӣ накардааст. То кунун Тоҷикистон 492 ҳазор воя воксини зидди COVID-19 аз Ҳинду Чин ворид кардааст, ки ройгон мебошанд.

Ҳоло дар шаҳри Душанбе бар асоси иттилои Вазорати тандурустӣ аз 18-солаҳо болоро воксин мезананд. Дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон марҳилаи тозаи воксинзанӣ ҳанӯз оғоз нашудааст. Имрӯз дар вилояти Суғд аз тамом шудани захираи воксинҳо дар ин вилоят мардум нигаронӣ карданд.

Мақомоти тандурустии вилояти Суғд мегӯянд, рӯзҳои наздик бояд 100 ҳазор воя воксин ба ин вилоят ворид шавад.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ дар кишвар то кунун наздик ба 300 ҳазор нафар воксин гирифтаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.