Даргузашти раиси Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи президенти Тоҷикистон: аз коронавирус?

Раҷабалӣ Саидвализода раиси Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дирӯз дар 63-солагӣ, бар асари беморӣ даргузаштааст. Бархе аз манбаъҳо далели марги ӯро аз бемории коронавирус гуфтаанд. Хабари марги Саидвализодаро дар Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматӣ ба “Азия плюс” таъйид карданд, вале гуфтанд, ки сабаби маргашро намедонем. Ҳамсуҳбати мо дар ин ниҳод, дар мавриди […]

Раҷабалӣ Саидвализода раиси Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дирӯз дар 63-солагӣ, бар асари беморӣ даргузаштааст. Бархе аз манбаъҳо далели марги ӯро аз бемории коронавирус гуфтаанд.

Хабари марги Саидвализодаро дар Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматӣ ба “Азия плюс” таъйид карданд, вале гуфтанд, ки сабаби маргашро намедонем.

Ҳамсуҳбати мо дар ин ниҳод, дар мавриди далели марги Саидвализода суҳбат накард, танҳо гуфт, ки “ба расонаҳо дар робита ба марги роҳбарашон барои нашр таъзиянома фиристодаанд, ки бояд нашр шавад”.

Дирӯз, бархе аз расонаҳо дар мавриди сабабҳои марги Саидвализода навишта буданд, ки ӯ шаби 28 ба 29 июн дар бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе аз бемории монанд ба коронавирус ё “илтиҳоби шуш” вафот кардааст.

То кунун ба таври расмӣ, дар бораи  далелҳои марги ин мансабдори баландпояи Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст. 

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд рӯзи охир дар мавриди марги шахсиятҳои маъруф хабарҳо мерасад ва бархе расонаҳо онҳоро қурбони мавҷи нави коронавирус медонанд. Аммо дар омори шумораи гирифторшудаҳо ба коронавирус, ки ҳар 24 соат Вазорати танудурстӣ пешниҳод мекунад, аз мавридҳои нави марг аз ин беморӣ чизе гуфта намешавад.

Вазорати тандурустӣ пештар далели марги онҳоеро, ки расонаҳо қурбонии коронавирус навишта буданд, илтиҳоби шуш гуфта буд. 

Саидвализода соли 1958 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон зода шуда, хатмкардаи риштаи сохтмону меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буд.

Ӯ солҳои гуногун ба унвони муҳандис кор карда, соли 2006 пас аз муҳоҷирати дусола дар Русия, дар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор мепардозад, ки аз соли 217 ба ин сӯ, раиси ин ниҳод буд. Соли 2016 Ордени Шараф дараҷаи 2-ро сарфароз шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.