Даргирии нави мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: “захмиҳо ҳастанд”

  Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон аз даргирии нави мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон хабар дод. Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон дар як изҳорот гуфтааст, ки соати 14:55 рӯзи 8-уми июл чанд марзбони қирғиз дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ба таври ғайриқонуни марзи давлатии Тоҷикистонро убур кардаанд.  Бино ба ин изҳорот, "низомиёни […]

 

Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон аз даргирии нави мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон хабар дод.

Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон дар як изҳорот гуфтааст, ки соати 14:55 рӯзи 8-уми июл чанд марзбони қирғиз дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ба таври ғайриқонуни марзи давлатии Тоҷикистонро убур кардаанд. 

Бино ба ин изҳорот, "низомиёни қирғиз дар тан либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ дошта, бо силоҳи оташфишони АК мусаллаҳ буданд. Номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд".

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки  сарҳадбонони қирғиз ба амри  марзбонони Тоҷикистон дар мавриди вайрон кардани хати сарҳади давлатӣ итоат накарда, ба сӯи сарҳадбонони тоҷик аз силоҳ оташ кушоданд. Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ гардиданд,-мегӯяд КДАМ Тоҷикистон.

Ҳоло ба гуфтаи ниҳодҳои Тоҷикистон мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, қазияро таҳқиқ менамоянд.

Ин ҳодиса имрӯз, дар ҳоле иттифоқ уфтодааст, ки имрӯз, Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон ва раиси ҳайати ҳукуматии Комиссияи байндавлатии ин кишвар дар бахши таъину аломатгузории марзи давлатӣ, дар як нишасти матбуотӣ дар Бишкек гуфт, ки "баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз ҳал нашудааст".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.